Бозии даври охирини гурӯҳи “Е” миёни футболбозони тоҷику араб шаби 5-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури наздик ба 18 000 тамошогар гузашт. Дар ин дидор тӯб бештар дар ихтиёри меҳмонон буд. Мизбонон ҳуҷумҳои ҷавобӣ мекарданд.
Дар дақиқаи 32-юми бозӣ ба сарвони дастаи “Истиқлол” Алишер Ҷалилов муяссар шуд, ки ҳисобро кушояд. Тӯби задаи ӯ аз масофаи дур, тахминан 20 метр, вориди дарвозаи “Ал-Наср” шуд.
Дар ибтидои нимаи дуюми дидор, дар дақиқаи 50-уми бозӣ, ҳуҷуми футболбозони араб бо гол анҷомид. Тӯби баргардондаи дарвозабон Рустам Ятимовро ҳамлагари “Ал-Наср” Абдураҳмон Ғариб аз масофаи наздик ба нишон расонда, ҳисобро баробар кард – 1:1.
Бозӣ бе иштироки сарвони дастаи “Ал-Наср” Криштиану Роналдуи португалӣ гузашт.
Пеш аз дидор сармураббии "Ал-Наср" Луиш Каштру, мутахассиси 62-солаи португалӣ, дар як нишасти матбуотӣ гуфт, "Роналду дар бозии қаҳрамонии футболи Арабистони Саудӣ, ки 1-уми декабр баргузор шуда буд, иштирок дошт. Мо наметавонем ин футболбози 38-соларо зиёд азият бидиҳем, чун ӯ ҳам одам аст. Ҳамчун сармураббӣ бояд бозигаронро эҳтиёт кунам. Мо ба даври баъдии Ҷоми қаҳрамонҳои AFC омодагӣ мегирем ва намехоҳам, ки Роналду дар чаманистони сунъӣ бозӣ кунад."
Бояд гуфт, дар ҳайати дастаи "Ал-Наср" аз он ситораҳои футболи ҷаҳонӣ, ки ба Душанбе омада буданд, Андерсон Талискаи бразилӣ, Секо Фофанаи фаронсавӣ ва Эдмилсон Отавиои португалӣ-бразилӣ дар охири бозӣ ба майдон омаданд. Вале Садио Манеи сенегалӣ дар ин дидор ширкат накард.
Сармураббии "Истиқлол" Игор Черевченко ҳарчанд мехост шогирдонаш бори аввал дар ин бозиҳои гурӯҳӣ пирӯз шаванд, ба мақсад нарасид.
Ин сеюмин мусовии “Истиқлол” ва ҳарсеаш дар Душанбе ба шумор меравад. Дар сафар бошад, қаҳрамони Тоҷикистон дар ҳарсе бозӣ шикаст хӯрд. Ёдовар мешавем, бозии даври дуюми мусобиқот миёни дастаҳои “Ал-Наср” ва “Истиқлол”, ки 2-юми октябр дар варзишгоҳи "Ал-Аввал Парк"-и шаҳри Риёз баргузор шуд, бо ҳисоби 3:1 ба нафъи мизбонон хотима ёфта буд.
Дар бозии дигари даври шашум дар гурӯҳи "Е" байни дастаҳои «Персеполис-и Эрон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар, ки 5-уми декабр дар варзишгоҳи Озодии Теҳрон баргузор шуд, меҳмонон бо ҳисоби 2:1 ғолиб омаданд.
«АЛ-НАСР» БА ПЛЕЙ-ОФФ БАРОМАД
Дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо касби 14 имтиёз мақоми аввалро азони худ кард ва ҳамчун ғолиби гурӯҳ ба плей-офф роҳ ёфт.
“Персеполис”-и Эрон бо касби 8 имтиёз дар зинаи дуюм қарор гирифт. Ин даста барои ба даври баъдӣ роҳ пайдо кардан талош кард, вале ба орзуяш нарасид.
“Ал-Дуҳайл”-и Қатар бо касби 7 имтиёз зинаи сеюм ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо касби 3 имтиёз ҷойгоҳи охиринро ишғол карданд. Ин ду даста низ аз ҳаққи идомаи мубориза дар даври баъдии мусобиқот маҳрум гаштанд.
Зимнан, аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон беҳтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунад.
Марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «Е»
Даври 1-ум
«Истиқлол» (Тоҷикистон) – «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 0:0
19-уми сентябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
«Персеполис» (Эрон) – «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 0:2
Голҳо: Даниал Исмоилифар, 62 – ба дарвозаи худ (0:1). Муҳаммад Қосим Ал-Нахлӣ, 72 (0:2).
19-уми сентябр. Теҳрон, Варзишгоҳи Озодӣ.
Даври 2-юм
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 3:1
Голҳо: Сенин Себай, 44 (0:1), Криштиану Роналду, 66 (1:1), Андерсон Талиска, 72 (2:1), Андерсон Талиска, 77 (3:1).
2-юми октябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».
«Ал-Дуҳайл» (Қатар) – «Персеполис» (Эрон) – 0:1
Гол: Умед Алишоҳ, 63 (0:1).
2-юми октябр. Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.
Даври 3-юм
«Персеполис» (Эрон) – «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:0
Голҳо: Саид Содиқӣ, 44 (1:0), Саид Содиқӣ, 71 (2:0).
24-уми октябр. Теҳрон, варзишгоҳи Озодӣ.
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Ал-Дуҳайл» (Қатар) – 4:3
24-уми октябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».
Даври 4-ум
«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Персеполис» (Эрон) – 1:1
Голҳо: Меҳдӣ Туробӣ, 30 (0:1), Сенин Себай, 74 (1:1)
7-уми ноябр. Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
«Ал-Дуҳайл» (Қатар) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 2:3
Голҳо: Филипп Коунтинҳо, 8 (1:0), Андерсон Талиска, 27 (1:1), Андерсон Талиска, 37 (1:2), Андерсон Талиска, 65 (1:3), Филипп Коунтинҳо, 80 (2:3).
7-уми ноябр. Доҳа, варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халифа.
«Ал-Дуҳайл» (Қатар) - «Истиқлол» (Тоҷикистон) – 2:0
Голҳо: Майкл Олунга, 47 (1:0). Майкл Олунга, 89 (2:0)
.27-уми ноябр. Доҳа. Варзишгоҳи Абдуллоҳ Бин Халил.
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) - «Персеполис» (Эрон) – 0:0
27-уми ноябр. Риёз, варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк».
Даври 6-ум
«Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) – 1:1
Голҳо: Алишер Ҷалилов, 32 (1:0), Абдулраҳмон Ғариб, 50 (1:1)
«Истиқлол» (Тоҷикистон): Рустам Ятимов, Содиқҷон Қурбонов (Ҷозеф Окоро, 77), Алиҷон Кароматуллозода, Иван Новоселетс, Седрик Гогуа, Аҳтам Назаров (Табрез Исломов, 71), Денис Беганович, Алишер Ҷалилов (сарвони даста), Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов, Сенин Себай (Шервонӣ Мабатшоев, 86).
5-уми декабр Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 17 750 тамошогар.
«Персеполис» (Эрон) - «Ал-Дуҳайл» (Қатар)- 1:2
Голҳо: Шаҳоб Зоҳидӣ, 7 (1:0), Муҳаммад Мунтарӣ, 9 (1:1), Майкл Олунга, 83 (1:2).
Аз пеналтӣ тӯбро ба нишон нарасонд: Гиорги Гвеселиани, 81 («Персеполис»).
5-уми декабр. Теҳрон, варзишгоҳи Озодӣ
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»:
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) |
6 |
4 |
2 |
0 |
13-7 |
14 |
2 |
«Персеполис» (Эрон) |
6 |
2 |
2 |
2 |
5-5 |
8 |
3 |
«Ал-Дуҳайл» (Қатар) |
6 |
2 |
1 |
3 |
9-9 |
7 |
4 |
«Истиқлол» (Тоҷикистон) |
6 |
0 |
3 |
3 |
3-9 |
3 |