Аз "девор"-и Шӯравӣ то ҷангу сулҳи тоҷикон ва ифшогариҳо. 70 соли Озодӣ. ВИДЕО

Баҳор зодрӯзи Радиои Озодист. Тасодуфан ё дониста нахустин барномаи тоҷикии он рӯзи 21 ё 22-юми марти соли 1953 пахш шудааст.

ТАЪРИХЧА. БА МУНОСИБАТИ 70-СОЛАГИИ ОЗОДӢ

Муҳаррири нахустини барномаи тоҷикии радио Муҳаммадсарвари Мир буд. Вай соли 1932 дар деҳаи Иштирхони наздикии Марғелон таваллуд шуда, падараш, рӯҳонии маъруф дар ибтидои репрессияҳои сталинӣ, ба Афғонистон ва аз онҷо ба Туркия ҳиҷрат кард. Дар Истанбул донишгоҳро хатм карда, дар ширкате муҳандис буд ва замоне ки эълони Радиои Озодиро хонд, ариза доду қабул шуд. Аз соли 1964 то соли 1995 кор кард.

Муҳаммадсарвари Мир, акс аз соли 2005

Муҳаммадсарвари Мир рӯзҳои аввали корашро дар Радиои Озодӣ чунин нақл карда буд: “Хабарҳоро дар ибтидо аз шуъбаи русӣ мегирифтем. Он вақт шуъбаи русӣ калонтарин ва забони русӣ ҳоким буд. Маҷбур шудам, русиро омӯзам. Забони тоҷикӣ ҳам бо кириллӣ буд. Мо дар Афғонистон ва Туркия надида будем. Онро низ ёд гирифтем. Дар андак замон рӯзномаҳои тоҷикиро мехондам. Дар зарфи шаш моҳ ё як сол хабарҳоро аз русӣ тарҷума мекардам.”

Аммо бахши ҷудогонаи тоҷикӣ танҳо соли 1975 бо талошҳои Маркиел Даниел (Музаффар Орифӣ), собиқ котиби масъули рӯзномаи “Тоҷикистони Советӣ”, ки ба Исроил ҳиҷрат карда буд, таъсис ёфт.

“Бо рӯҳбаландӣ ба кор шуруъ кардам, аммо як камбудӣ буд, ки бахши тоҷикӣ набуд. Бо бахшҳои дигар якҷоя кор мекарданд, шуъбаи туркистонӣ буд. Аввал ҳамин беадолатиро бартараф кардан даркор буд. Дар бораи Тоҷикистон маълумоти мукаммал надошт раҳбарият. Муроҷиат кардам ва гуфтам, ки Тоҷикистон республикаи мустақил аст ва забони тоҷикиро дар Афғонистон ва Эрон мефаҳманд. Хоҳишмандам шуъбаи махсуси тоҷикӣ кушода шавад. Аз як тараф бисёр хавотир будам, ки кормандони бахшҳои дигар боз нагӯянд, ки ин миллатгароӣ мекунад, тоҷикиро ҷудо кард. Хушбахтона, амрикоиҳо фаҳмиданд. Хоҳиш кардам, аз Туркия тоҷикзабонҳо биёянд,” – нақл кард Маркиел Даниел.

Даниел Маркиел (Музаффар Орифӣ)

Ӯ раҳбари нахустини бахши тоҷикии Радиои Озодӣ буд, ки дар ин вазифа бист сол кор кардааст. Дар оғоз дар таҳияи барномаҳои тоҷикии Радиои Озодӣ аз номаи шунавандагон ва рӯзномаву маҷаллаҳое истифода мекардаанд, ки дар Тоҷикистон нашр мешуд.

Иброҳим Усмонов, журналист ва муҳаққиқи матбуот, мегӯяд, “Даниел аввалин тоҷике буданд, ки дар Радиои Озодӣ барномаҳои тоҷикӣ ташкил карданд. Азбаски аз Тоҷикистон рафта буданд, номи редаксияашонро ҳам тоҷикӣ ва гуфторашро ҳам тоҷикӣ гуфтанд.”

Он замон пахши барномаҳои Радиои Озодӣ дар қаламрави Шӯравии собиқ мамнуъ буд ва мавҷи радио ба ҳар восита дастнорас карда мешуд. Ин ҳол то шурӯи бозсозӣ шадидан идома кард. “Девори оҳанин” заиф мешуд, роҳи фарҳангиёну донишмандони тоҷик ба хориҷи кишвар хусусан ғарб бозтар мешуд.

Маркиел Даниел (Музаффар Орифӣ) мегӯяд, “бо бисёре аз одамон мулоқот мекардем. Масалан, дар газетаи “Тоҷикистони Советӣ” ё “Комсомоли Тоҷикистон” баъзе мақолаҳо мебаромад. Амрикоро бадном мекарданд. Мо мегуфтем, ки ин ҳақиқат нест. Ин пропагандаест, ки аз Маскав маҷбур мекунанд. Рости гап, вазифаи мо расондани иттилоъ буд.”

“ТАБЛИҒОТ” Ё “ИТТИЛОЪРАСОНӢ”?

Дар матбуоти Тоҷикистони замони Шӯравӣ дар муқобили Радиои Озодӣ матлабҳои зиёде нашр мешуд. Барномаҳои Радиои Озодиро таблиғот бар зидди ҳукумати Шӯравии собиқ муаррифӣ мекарданд.

Иброҳим Усмонов

Иброҳим Усмонов, журналист ва муҳаққиқи матбуот: “Радиои Озодӣ ҳамчун бозгӯяндаи ақидаҳои ҷаҳони капиталистӣ ба миён омад. Ин як навъ такягоҳе ё як навъ такондиҳандаи авзои муттаҳидии сиёсии Аврупо тавассути амрикоиҳо буд. Имрӯз ҳам ҳамин хел аст. Дар редаксияи Озодӣ дар Прага будам. Дар бораи Озодӣ ҳангоми таҷриба омӯхтан дар радиои “Садои Амрико” дар Вашингтон ҳам матолибе ҷамъ кардам. Дар рисолаи доктории худ масъалаи Озодиро махсус таҳқиқ ҳам кардам. Озодӣ як идораи маҳками таблиғотӣ аст, гарчи калимаи таблиғотро дар худ қабул надорад, гарчӣ мегӯяд мо иттилоъдиҳанда ҳастем.”

Пас аз пошхӯрии Шӯравӣ дастрасии Радиои Озодӣ ба иттилоот аз дохили кишварҳои собиқи “бародар”, аз ҷумла Тоҷикистон, бештар шуд. Теъдоди шунавандагони Радиои Озодӣ зиёд шуд, зеро то он замон мардуми Шӯравӣ иттилоеро дастрас мекарданд, ки дар чаҳорчӯби сиёсати ҳукумати онвақта пахш мешуд.

Ҷовид Муқим

Ба қавли Ҷовид Муқим, хабарнигори собиқи Радиои Озодӣ, “дар лаҳзаҳои бисёр ҳассос, вақте ҳодисаи дорои аҳамияти байналхалқӣ мешуд, ҳамеша Радиои Озодӣ пайгирӣ мекард. Барои он ки на ҳама чиз дар ин кишварҳо озодона гуфта мешуд ва ё ба мардум расонда мешуд. Ҳамин буд, ки дар собиқ СССР мавҷи “Садои Амрико”, Би-би-сӣ ва Радиои Озодӣ хомӯш карда мешуд, то мардум гӯш накунанд. Мардум ба ҳар ҳол гӯш мекарданд. Ба ҳар роҳу восита. Албатта, ҳадафҳои дигари радио низ амалӣ мешуд, аммо муҳимаш он аст, ки иттилоърасонӣ барои мардум буд, аз мардум боз барои мардум.”

БОЗТОБИ ҶАНГУ СУЛҲИ ТОҶИКОН

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон ба як нуқтаи доғ табдил шуда буд. Дарёфти иттилои дақиқ хеле мушкил гашт. Радиои Озодӣ барои дарёфт ва пахши иттилои сареъ ва дақиқ дар Тоҷикистон хабарнигор гирифт.

Ҷовид Муқим мегӯяд, “корро дар Радиои Озодӣ аз моҳи октябри соли 1995 шурӯъ кардам. Он вақт касе намехост мухбири Радиои Озодӣ шавад. Аз аввалин хабарнигорон мебошам, ки дар Душанбе сабти ном шуда будам. Баъдан ба ман Мирзонабии Холиқзод ва дигарон пайвастанд. Он вақт бо нерӯи бисёр кӯчак кори зиёдеро анҷом додан даркор буд. Ҳама вақт кӯшиш мекардам, ки маводам беғаразона ва ботавозун бошад. Масалан, борҳо аз ҷонибҳои даргир, чӣ аз қумондонҳои ҷониби мухолифин ва қумондонҳои тарафи ҳукумат, мусоҳиба гирифта, онро пахш кардам барои он ки гузоришҳои ман яктарафа набошад.”

Қароргоҳи пешинаи Радиои Озодӣ. Мюнхен, Олмон

Давраи музокироти сулҳи тоҷикон замони ҳассос барои фаъолияти Радиои Озодӣ буд. Ҳар иттилои носаҳҳеҳ метавонист ин ҷараёнро халалдор кунад. Баъзан садоҳое ҳам баланд мешуд, ки Радиои Озодӣ дар ин раванд аз мухолифини тоҷик пуштибонӣ мекунад.

Иброҳим Усмонов, журналист ва муҳаққиқи матбуот: “Ман гуфтам, ки Радиои Озодӣ мавқеи қувваҳои мухолифи Тоҷикистонро ишғол мекард, на қуваҳои тарафдори ҳукуматро. Шояд аз ҳукуматиҳо танҳо ман дар Радиои Озодӣ сухан мегуфтам. Телефон мекарданд ва мегуфтанд, воқеа чӣ хеле бошад, шарҳ диҳед. Ман, албатта, аз мавқеи худам, аз мавқеи ҳукумат, аз мавқеи қувваҳои расмии Тоҷикистон шарҳ медодам. Матолибе, ки дар муқобили ман ё дар муқобили мавқеи ман буд, дар Радиои Озодӣ хеле зиёдтар буд, аз он ки ман мегуфтам. Гаҳе мехостанд, аз ман ба муқобили худи ман истифода баранд.”

Аммо на ҳама ҷонибдорони ҳукумат бовар доранд, ки Радиои Озодӣ дар замони гуфтугӯи сулҳи тоҷикон бештар ба назарҳои иттиҳоди мухолифин бартарӣ медод. Сайфуллоҳ Сафаров, мушовири собиқи президенти Тоҷикистон, гуфт: “Хидмати таърихии Радиои Озодӣ барои Тоҷикистон пеш аз ҳама он буд, ки ба мардум маълумот дастрас мекард. Дигараш дар солҳои гуфтушуниди сулҳи байни тоҷикон андешаҳои тарафҳоро ба ҳамдигар мерасонд. Андешаҳои мардумро ба онҳое, ки ба музокирот машғул буданд, мерасониданд. Ин, алабатта, худ аз худ як хидмат ҳаст.”

ТАЪСИРАШ ЧИСТ?

Баъд аз солҳои 90-уми қарни гузашта фаъолияти Радиои Озодӣ дар Тоҷикистон ба меъёрҳои журналистикаи байнулмилалӣ мутобиқ мешуд. Ин меъёрҳоро доираҳои мухталифи журналистикаи тоҷик меомӯхт ва дар услуб ва таҳияи матлабҳои матубуот истифода мекарданд.

Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо, журналисти тоҷик, мегӯяд, “Радиои Озодӣ як марҳалаи хуби дигареро аз сар гузарондааст. Ин марҳала аз солҳои 90-ум то 2000 аст. Марҳалае, ки гуфтан мумкин аст, барои рушд додани меъёрҳои журналистикаи байналхалқӣ ва онҳоро дар дохили Тоҷикистон ҷорӣ кардан мусоидат кардааст. Яъне матбуоти Тоҷикистон тавонист маҳз бо иқтибос овардан аз Озодӣ, чоп кардани матлабҳои Озодӣ, қолабҳои нави журналистӣ ва меъёрҳои байналхалқии журналистиро то андозае аз худ кунад.”

“Гумон кардан ва гуфтан, ки Радиои Озодӣ ҳеч таъсире ба мо надошт, на аз нигоҳи касбӣ ва на аз нигоҳи сиёсӣ, ин ғалати маҳз аст. Мо аз Радиои Озодӣ тарзи материал ҷамъ кардан, тарзи истифода бурдани материалҳоро дар навиштаҳои худ, нуқтагузориро, таъкид карданро меомӯзем. Муаллимҳое, ки дар ин соҳа мутахассис ҳастанд, вазифадоранд, ба журналистшавандаҳо фаҳмонанд, ки мана ин чизи Озодӣ хуб, мана ин чизи Озодӣ қобили қабул нест, то донишҷӯ мавқеи худро дар ин миён бинад. Ин як. Дуюм, системаи ахбори Тоҷикистон ба ду қисмат тақсим мешавад. Пеш аз ҳама системаи ахборе, ки дар худи Тоҷикистон нашр мешавад. Дуюм системаи ахборе, ки барои Тоҷикистон нашр мешавад. Озодӣ аз ҷумлаи системаи ахборе аст, ки барои Тоҷикистон нашр мешавад. Ман шуъбаи тоҷикиашро дар назар дорам. Албатта, чизе, ки қобили мулоҳиза аст, донистанамон даркор, ки чӣ мегӯянд дар бораи мо. Агар чизи хубе бошад, чизи омӯхтание бошад, қабул карданамон даркор аст,” – гуфт профессор Иброҳим Усмонов.

Нуралӣ Давлат

Ҳодисае дар солҳои 2000 бисёре аз гумону назарҳои мардуми бахусус Тоҷикистонро дар бораи фаъолияти Радиои Озодӣ дигар кард. Нуралӣ Давлатов, рӯзноманигору таърихнигори тоҷик мегӯяд, “фикр мекунам, то ҳозир ҳам ҳамин андеша, ки Радиои Озодӣ “як радиои ҷосусӣ аст”, дар зеҳни бисёриҳо мондааст. Алалхусус дар зеҳни онҳое, ки дар замони Шӯравӣ тарбия ёфтаанд. Аз ин рӯ, фикр мекунам, то ибтидои солҳои 2000-ум, то замоне ки президент Эмомалӣ Раҳмон ба дафтари Озодӣ дар Прага рафт, коршиносони тоҷик бисёр бо эҳтиёт бо радио муносибат мекарданд ва иртибот барқарор мекарданд.”

Ойниҳол Бобоназарова

Солҳои охир Радиои Озодӣ тақрибан танҳо расонае мондааст, ки хабарҳои алтернативиро аз дохил ва хориҷи Тоҷикистон бозтоб медиҳад. Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшинос ва барандаи Ҷоизаи “Шуҷоати зан” дар соли 2014, мегӯяд, “бисёр вақт, бадбахтона бисёр чизҳо пинҳон карда мешаванд ва мо аз ҳамин радио бисёр чизҳоро мефаҳмем. Шахсан, вақте пагоҳӣ аз хоб мехезам, аввал радиои Озодиро гӯш мекунам. Ин ҷо як чиз ҳаст, ки ман бисёр ҳайрон мешавам, ки мо мансабдоронро кам мебинем, дар ин радио. Баръакс, вақте як чизро Радиои Озодӣ медиҳад, дар Фейсбук мебинед, ки бо ҳар гуна номҳо зид мебароянд, танқид мекунанд. Беҳтарин вариант мешавад, ки онҳо биёянд, баромад кунанд, бигӯянд. Ин беҳтарин аст, ки чунки дар тамоми ҷаҳон тамошо мекунанд. Албатта, баъзе камбудҳо ҳаст, медонам, ки баъзе журналистонро сабтином намекунан, ин бар зарари худи ҷомеа, бар зарари худи ҳукумат аст.”

Дар ҳукумати Тоҷикистон ҳам назари мансабдорон ба фаъолияти Радиои Озодӣ ва хабарнигоронашон мухталиф аст. Баъзан маврид мансабдорон бепарда фикрашонро ҳатто дар байни хабарнигорон мегӯянд.

ҲАҚИҚАТ ВА ФИШОРУ МОНЕАҲО

Сарфи назар аз муҳим ва муассир донистани фаъолияти Радиои Озодӣ дар чанд соли охир фишорҳо рӯи хабарнигоронаш зиёд иттифоқ меафтад. Манъ кардани гузоришдиҳӣ, латукуби хабарнигорон, маҳрум кардан аз парвонаи корӣ ба шеваҳои маъмулии монеагузорӣ дар кори хабарнигорони Радиои Озодӣ табдил шудааст.

Моҳи апрели соли 2021, дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон расидани бемории КОВИД-ро ба кишвар рад мекарданд ва ин сухани онҳоро Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ об медод, Радиои Озодӣ аз фавти нахустин нафар бо сирояти коронавирус хабар дод ва бо ин ҳадафи фишори бештар қарор гирифт. Маъракаи васеъи бадномкунии радио ба авҷ расид. Чунин маъракаҳо ҳар бор, ки радио масъалаҳои ҷиддии ҳаёти ҷомеаро баррасӣ мекунад, ба миён меоянд.

Дар соли 2022 Радиои Озодӣ барои ҷасорат ва фаъолияти касбияш барандаи ҷоизаи байнулмилалии Дейвид Бурк шуд. Яке аз раҳбарони собиқи Радиои Озодӣ мушкили асосии замони кори худро дар он мебинад, ки расондани ҳақиқат ба мақомдорон писанд нест.

Бо вуҷуди ҳамаи мушкилот, Радиои Озодӣ рисолати аслии худ, пешниҳоди маъулоти дақиқу алтернативиро идома медиҳад. Расондани хабару маълумоти дақиқ, бо фарогирифти назари ҳамаи тарафҳо ва парҳез аз ғаразу андешаи шахсиро кормандони Радиои Озодӣ ягона роҳе медонанд, ки сабаби таъсиргузории корашон ва ҳам ҷалби бовари доираҳои васеи мардум мешавад.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Таърихчаи Озодӣ" (Филми мустанад)

Дар Ютюб:

То сентябри соли 2023 шумораи обуначиёни саҳифаи Радиои Озодӣ дар Ютюб аз 2 миллион гузашта, мухлисони он дар Инстаграм ба 2 миллион нафар наздик мешавад. Он дар Фейсбук зиёда аз ним миллион бинанда, дар сомонаҳояш моҳе то 1 миллион хонанда ва дар шабакаҳои дигар ҷамъан 800 ҳазор обуначӣ дорад, ки аудиторияи Озодиро ба 5 миллион мерасонад. Гузоришҳои он дар Ютюб аз оғози кори сафҳа то ҳоло 1,5 миллиард бор дида шудаанд.