Исроил “даҳҳо тонкро ба ҷануби Ғазза фиристод”

Бо вуҷуди нигарониҳои ҷаҳонӣ аз афзоиши маргу мири ғайринизомиён, артиши Исроил рӯзи 4-уми декабр даҳҳо тонкро ба ҷануби Ғазза фиристодааст.

Хабаргузории “Франс Пресс” навишт, ки Телавив бо партофтани варақаҳо аз ҳаво аз фаластиниён хостааст, аз ҷануби Ғазза ба минтақаҳои дигар бираванд. Пештар артиши Исроил дар шимоли Ғазза ҷобаҷо шуда буд.

Исроил ваъда додааст, ки дар ҷавоб ба ҳамлаҳои бесобиқаи “Ҳамос” дар рӯзи 7-уми октябри имсол ин гурӯҳи тундравро нобуд хоҳад кард. Амрико ва Иттиҳоди Аврупо “Ҳамос”-ро созмони террористӣ мешиносанд.

Дар ҳамлаи 7-уми октябр ба Исроил тақрибан 1200 нафар, аксаран ғайринизомиён, кушта шуда, ҳудуди 240 нафар гаравгон афтоданд.

Аз он замон то ҳоло ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза идома дорад. Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, то кунун 15 ҳазору фаластинӣ кушта шудаанд.

Дар ин миён як танаффуси кӯтоҳ ва табодули баъзе аз зиндониёни фаластинӣ ва гаравгонҳои исроилӣ сурат гирифт.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ борҳо тарафҳоро ба созиш ва қатъи пурраи ҷанг хонда, хоҳони расондани ёрии бештари башардӯстона ба Ғазза шудааст. Ба назар мерасад, ду тараф шартҳои худро доранд ва ҳанӯз барои музокирот омода нестанд.