Қатли чанд зан дар моҳҳои ахир дар шимолуғарби Покистон дигарбора хашми ҷомеаро барангехт ва баҳс сари “қатлҳои номусӣ” дар ин кишвари Осиёи ҷанубиро доғ кард. Солона дар Покистон садҳо зану духтарро хешовандонашон мекушанд ва мегӯянд, ин корро барои он карданд, то “номусу шараф”- и хонаводаро нигаҳ доранд.
Бо вуҷуди қабули қонунҳои сахттар барои пешгирӣ аз расми зишт ва хашми ҷомеа дар ин кишвари мусулмоннишин, ба гуфтаи гуруҳҳои ҳомии ҳуқуқ чунин қатлҳо ҳамчунон идома доранд.
Дар яке аз ин гуна парвандаҳои нав, пулиси Покистон чанде пеш як падареро дастгир кард, ки бо дастури ҷирга ва ё шӯрои қабиласолорон духтари 18-солаашро бо дастони хеш ба қатл расонидааст. “Гуноҳ”- и духтар ин будааст, ки акси ӯро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо ҷавони бегонае дидаанд, ки ҳеч иртиботи хешутаборӣ надоштанд.
Мақомоти пулис гуфтанд, ки се марди дигар аз ҷумла амаки духтарро рӯзи 29-уми ноябр дар деҳаи дурдасти Қуллаи Палас дар Вилояти Хайбар Пахтунхоҳ дастгир карданд.
Ба гуфтаи мақомоти пулис, Рима Бибиро рӯзи 24-уми ноябр падараш дар хонаи худашон бо зарби тири туфанг куштааст, чунки пештар аз ин аксеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд, ки Рима Бибӣ ва зани дигаре бо ду ҷавон дида мешаванд.
Дар деҳоти қабиланишин ва муҳофизакори Покистон нашри акси зан бад ба ҳисоб меравад ва мамнуъ аст. Ба гуфтаи пулис, ин акс дасткорӣ шуда будааст.
Нур Муҳаммад, афсари пулиси дар Қуллаи Палас ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зани дигар ва яке аз он мардҳо таҳти ҳимояти пулис қарор доранд ва маълум нест, марди дуввумӣ куҷо рафтааст.
Дар ҷойи дигар дар ноҳияи Дараи Исмоилхон дар Вилояти Хайбар Пахтунхоҳ ба гуфтаи пулис, чаҳор нафарро рӯзи 28-уми ноябр куштаанд.
Дар инҷо шавҳаре ҳангоми даъвои оилавӣ, занашро куштааст ва бародари ин зан бо қатли падару модар ва хоҳари ӯ аз язнаи худ барои марги хоҳараш қасос гирифтааст.
Муфтӣ Ҳафизулло Сабрӣ яке аз рӯҳониёни минтақа дар суҳбат бо Радиои Озодӣ, ин корро ҷаҳолат номида гуфт: “Ин як расми золимона аст, ки бо номи суннату анъанаҳои ваҳшатноки маҳаллӣ анҷом дода мешавад. Ин натиҷаи як ҷаҳолати амиқ аст.”
Ёдоварии дилхарош
Гуруҳҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, ҳодисаҳои моҳи ноябр, аз занҷираи қатлҳои номусӣ дар Покистон аст, ки онҷо занонро барои муошират бо мардон, зино ва ҳатто зоҳир шудан дар аксе ва ё видеое хунсардонаву бераҳмона мекушанд.
Кумиссиёни Ҳуқуқи Башари Покистон танҳо дар соли 2022-ум камаш 384 чунин ҳодисаро сабт кардааст, 103-тои он дар Хайбар Пахтунхоҳ сурат гирифтаанд.
Асад Иқбол Бут, раиси кумиссиён рӯзи 29-уми ноябр дар як баёнияи расмӣ гуфт, ин парвандаҳо “гӯшзади дилхарош аз хушунат алайҳи занон аст, ки дар Покистон онро ҷоиз мешуморанду қабул доранд.”
Соли 2016 дар Кодекси ҷиноии Покистон, банде илова карданд, ки бар асоси он “қатле, ки ба номи номус” анҷом дода мешавад, аз қатли оддӣ ҷудо ба ҳисоб меравад ва барои он ҷазои сахттар аз ҷумла ҳукми қатл ва ё зиндони якумрӣ таъйин мекунанд.
Ҷазои сахттар ҳам ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ натавонистааст, қатлҳои номусиро дар Покистон камтар кунад.
Нодия Раҳмон аз созмони Афви Байналмилал рӯзи 30-уми ноябр дар як баёнияи расмӣ гуфт: “Агарчӣ такрори қатлҳои ба ном “номусӣ” сабаби тағйир дар қонунгузорӣ ва хашми ҷомеа шуд, вале фурӯкаш нашудааст.”
Ӯ афзудааст: “Боздошти афрод пас аз чунин ҳамлаҳо кофӣ нест. Мақомот бояд дигар гунаҳкорони хушунатро беҷазо нагузоранд ва шӯроҳои ба ном қабиласолорон ва шӯроҳои деҳотро, ки дастури чунин ҷиноятҳои ваҳшатнокро медиҳанд, пароканда кунанд.”
Додгоҳи Олии Покистон соли 2019 шӯроҳои қабиласолоронро ғайриқонунӣ эълон кард, зеро ба қавли додрасҳо бар хилофи Қонуни асосии кишвар ва тааҳудоти байналмилалии он барои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон ва хатми нобаробарии зану мард аст.
Ба қавли Нодия Раҳмон, мақомоти Покистон натавонистаанд, “қудрату нуфузи иловагии ҷирга ва ё шӯрои қабиласолоронро, ки низоми қонунгузории худашонро пеш мебаранд” аз байн барад.
Коинот Кокохел, ҳуқуқдони покистонӣ мегӯяд, ки тағйир дар Қонуни ҷиноӣ барои пешгирӣ аз “қатлҳои номусӣ” дуруст иҷро намешавад. Бар асоси ин тағйирот, фарде, ки “ба номи номи номус қатл кардааст” аз тарафи оилаи қурбонӣ бахшида намешавад, ки ин ҳақро қонунҳои исломӣ ба онҳо додааст. Вале гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ, “пулис қатлҳои номусиро ҳамчун қатл сабт мекунад, ки ин роҳро барои мусолиҳаи оилаҳо фароҳам месозад ва нуқси бузург ҳамин аст. “
Бар асоси қонунҳри Покистон, ки муқаррароти шариатро ба инобат гирифтаанд, дар кишвар оилаи қурбонӣ метавонад, қотилро бубахшад ва дар иваз аз оилаи ӯ “дият”, ё хунбаҳо биситонад.
Парвандаҳои пурсарусадо
Дар яке аз парвандаҳои пурсарусадо дар соли 2011 шӯрои қабиласолорони Қуллаи Палас дар Покистон амр дод, ки чаҳор мард ва ду занро, ки якҷо мерақсиданд ва видеои хусусиашон берун омад, кушта шаванд. Соли 2013 хешовандони ҳарду духтар ба гуфтаи пулис, ҳарсе бародарро, ки дар видео буданд, куштанд. Бародари чаҳорум Афзал Куҳистониро, ки чанд сол ба зидди “қатлҳои номусӣ” маъракаи тарғиботӣ пеш мебурд, соли 2019 ба қатл расониданд.
Соли 2017 додгоҳи вилояти ҳукми қатли шаш мард аз хонаводаи духтаронро беэътибор эълон кард.
Дар соли 2016 як бародарро дар қатли хоҳараш Қандил Балуч, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъруф буд, гунаҳкор донистанд. Муҳаммад Восим, ки хоҳарашро Ким Кардашиёни Покистон меномиданд, нафасгир карда куштааст ва ошкоро гуфта буд, ки аз куштани хоҳари 26-солааш як заррае ҳам пушаймон нест.
Ба қавли Муҳаммад Восим, хоҳарашро барои он кушт, ки “рафтори таҳаммулнопазир” дошт ва аксҳои худро дар канори як мулло нашр кард. Муҳаммад Васими 38-соларо, ки ба зиндони якумрӣ маҳкум шуда буд, соли 2022 ва баъди шаш соли зиндон раҳо кардаанд, чун модараш гуфт, ки “аз гуноҳи ӯ” гузаштааст ва писарашро бахшид.