Саратон - бемории тарсноке, ки ҳоло занони зиёд аз он ранҷ мекашанд ва сабаби марги ҳазорҳо нафар дар дунё шудааст, дар марҳилаҳои аввал метавонад ягон нишона надошта бошад. Роҳи аслии сари вақт ошкору муолиҷа кардани он - ташхиси мунтазам будааст.
Бино ба омори расмӣ дар ҷаҳон ва Тоҷикистон, дар миёни занон бемории саратони сина ва ё ғадуди шир ва саратони гарданаи бачадон рӯ ба афзоиш дорад. Пизишкон бо такя ба омори чанд соли охир, мегӯянд, ҳамасола то 500 ҳолати саратони ғадудҳои шир дар миёни занон ошкор мешавад. Ба фарқ аз 13 сол пеш, гирифторӣ ба ин беморӣ ду баробар афзудааст.
Дар нашри нави барномаи «Салом, хоҳар» дар ҳамин бора сӯҳбат мекунем, тавсияҳои муҳими духтуронро мешунавем ва мебинем, ки бо ин дард занон чӣ гуна зиндагӣ доранду чӣ тавр мубориза мебаранд.
Яъсу ноумедӣ ва тарс аз марг аз аввалин эҳсосоте ҳастанд, ки баъди огоҳ шудан аз бемории худ, занон ба он рӯ ба рӯ мешаванд.
Қаҳрамони барномаи мо ҳам аввал дар чунин ҳолат қарор дошт. Чор сол пеш, вақте пизишкон ба Зарафо Раҳмонӣ гуфтанд, омоси бадсифат ё саратони сина дорад, фикр кард, мисли хоҳарбузургааш ба зудӣ марг ба суроғаш меояд. Бовар надошт, ки бо ин беморӣ бештар аз як сол умр бинад.
Зарафо Раҳмонӣ мегӯяд: “Бисёр дар ҳолати шок қарор доштам. Гумон кардам, ки тамом, дигар чизе нест, ягон мавҷудоти зинда бароям вуҷуд надорад. Як ҳолати ғамангезе пеш омад.”
Аммо ин ҳолатро зуд шикаст ва мубориза бо дардро оғоз кард. Ҳоло бовар дорад, барои шахсе, ки бо ин дард зиндагӣ мекунад, хеле муҳим аст, ки руҳияи худро қавӣ нигаҳ дорад ва таслим нашавад".
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ин гуфтаҳои мусоҳиби моро пизишкон ҳам таъкид мекунанд. Иродаи қавӣ барои мубориза бо ин беморӣ бисёр муҳим будааст. Аммо чизи дигаре, ки табибони соҳаро нигарон кардааст, ин афзоиши занони ҷавони гирифтори саратон будааст. Чаро занон дар баробари саратон бештар осебпазиранд ва бо чӣ роҳ бояд аз фарҷоми бади ин беморӣ худро наҷот диҳанд?
Наргис Ғайратова, пизишки тоҷик 15 сол боз ба муолиҷаву ҷарроҳии занони гирифтори саратони сина ё ғадуди шир машғул аст. Бо ин чанд суол ба ӯ муроҷиат кардем.
“Гирифторшавӣ ва муроҷиат бо бемории саратони ғадуди шир дар занҳои бештар аз 35-сола боло то 60-65 сола ба назар мерасад. Аз рӯи адабиёти илмии ҷаҳонӣ, авҷи ин беморӣ то 65-солагиро дар бар мегирад.
Нигаронии тамоми мутахассисони саратоншинос, махсусан мо, момологҳо, ки ба табобати саратони ғадуди шир сару кор дорем, ин гирифторшавии занони синнусоли ҷавон ба саратони ғадуди шир мебошад. Соли гузашта ҷавонтарин зане, ки ба ин беморӣ муроҷиат кард, 20-сола буд. Бемори дигар - 22-сола. То 25-сола аллакай дучоршавӣ ба ин беморӣ ба назар мерасад,” – гуфт пизишки тоҷик Наргис Ғайратова.
Ба гуфтаи табибон, аксари занон дар марҳилаи саввум ва чаҳорум ё аллакай баъди ба омоси бадсифат табдил ёфтани саратон, ба онҳо муроҷиат мекунанд, марҳилае, ки табобаташ осон нест.
Наргис Ғайратова гуфт:
“Сабаб дар чист? Омоси саратони ғадуди сина дар марҳилаҳои аввали беморӣ дард надорад. Ҳолати умумии бемор таъсири манфии онро нишон намедиҳад. Ҳарчанд таъсири манфӣ дорад, мисли зудпаҳншавии беморӣ. Бемории саратони ғадуди шир дар он маврид дард пайдо мекунад, ки, мутаассифона, ҳаҷми он калон мешавад, ба қафаси сина мечаспад, дар пусти сина варам пайдо мешавад ва гузаштани ҳуҷайраҳои омос ба узвҳои ҳаётан муҳим, аз қабили шуш, ҷигар ва мағзи сар ба назар мерасад, вақте вайроншавии кори ин узвҳоро нишон дод, аллакай бемор дард мекашад ва муроҷиат мекунад, ки дар натиҷа мо бемориро дар марҳилаи 3 ва 4 дарёфт мекунем”.
Пизишкон як далели афзоиши омоси бадсифат дар занонро дар беттаваҷҷӯҳӣ ба сиҳатии худ ва канораҷӯӣ аз табибон медонанд.
Наргис Ғайратова мегӯяд: «Бисёр вақт шурӯъ мекунанд ба худтабобаткунӣ ё дар назди табибони халқӣ ва вақте мебинанд, ки аз ин намуди табобат натиҷаи мусбат намегиранд, омос калон мешавад, хунравӣ пайдо мешавад, аворизҳои бади омос пайдо ва дарди шадид пайдо мешавад, баъд, мутаассифона, такроран муроҷиат мекунанд, дар ҳоле, ки ҳам дар ташхис ва ҳам табобат мушкилоти зиёде фароҳам шудааст. Зеро саратон бемориест, ки табобати он дар марҳилаи аввал ва дуруст зарурат дорад,” – афзуд Наргис Ғайратова.
Вайроншавии кори ҳормонҳо, истифодаи аз меъёр зиёду нодурусти ҳабҳои зидди ҳамл, ғизои носолим, номуътадилӣ дар ҳаёти маҳрамонаи заношӯиро аз омилҳои аслии гирифторӣ ба саратони ғадудҳои шир ва гарданаи бачадон медонанд. Саида Умарзода, профессори кафедраи онкологии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон аз чанд омили дигаре ном бурд. Ӯ гуфт:
“Таҳқиқоте, ки мо дар Тоҷикистон гузаронидем, ин ҳам мавзӯи омосҳои бадсифати узвҳои репродуктивии занҳои бисёр таваллудкарда буд. Мо илман исбот кардем, ки яке аз омилҳо ин фарбеҳӣ аст. Агар мо аз рӯи адабиёти илмӣ сухан ронем, исбот шудааст, ки дар 50 дар сади ҳолатҳо пайдошавии бемории саратон дар инсон ба омилҳои рафторӣ вобастагӣ дорад. Ин ҳам сабабаш вируси папилломаи одам аст. Сабаби он ҳам омили рафторӣ, алоқаҳои ҷинсии номураттаб, нодуруст, бо шахсони ношинос аст. Ғайр аз ин, 20 фоизи бемориҳои саратон ба ирсият вобастагӣ доранд ва 20 дар сади дигар ба муҳити зист. Дар таркиби ҳаво будани моддаҳои кимиёвӣ”.
Аз пизишки тоҷик Наргис Ғайратова пурсидем, ки вақте занон аз бемории худ огоҳ мешаванд, аввалин вокунишашон чӣ аст? Ӯ гуфт:
«Албатта, вақте бемор аз табиб ё аз фарзандону наздикон мешунавад, ки дар вуҷудаш саратон дорад, аввал яъсу ноумедӣ ва тарсу ҳарос пайдо мешавад. Дар бораи марг ва бисёре аз модарон дар бораи фарзандонашон фикр мекунанд. «Ман онҳоро ба кӣ мегузорам, ояндаи онҳо бе ман чӣ мешавад» гуфта, фикр мекунанд. Барои мо ҳам ин чиз мушкил аст, аммо мо бо боварикунонии ҷиддӣ беморро ором мекунем, бо ӯ ҳамсӯҳбат мешавем, роҳи табобатро мефаҳмонем ва онҳоеро мисол меорем, ки дар мубориза бо беморӣ муваффақ шудаанд. Хушбахтона, дар аксар беморони мо як умеду боварӣ пайдо мешавад ва тасмим мегиранд, ки бояд пурра аз беморӣ раҳо ёбанд».
Аз пизишк пурсидем, ки ба ҷуз доруву дармон боз кадом роҳе вуҷуд дорад, ки ба гирифторони саратон тавсия мешавад?
Наргис Ғайратова: “Дар байни беморони мо зиёданд теъдоди бемороне, ки баъди пурра гирифтани табобат шифо ёфта, дар мубориза бар зидди беморӣ муваффақ шудаанд. Теъдоди зиёди онҳо аз тамоми марҳилаву мушкилоте, ки садди роҳашон буд - чӣ дар ташхис ва чӣ табобату барқароршавӣ ва дастгирии психологӣ аз тарафи табибу дӯстон гузаштанд.
Дар тамоми дунё аз усули барқароршавии беморони саратон истифода мебаранд, бояд аз нигоҳи равонӣ, агар зан, масалан хонашин бошад, ба ягон навъи кор ё шуғли шавқовар вобаста кардан даркор аст. Нафаре, ки як ҳунару шуғлу шавқ доранд, албатта онҳо як гармӣ як умед барои ояндаи дурахшон пайдо мекунанд. Бархе аз беморони мо баъди он ки пурра табобат мегиранд, мегӯянд, ки “ман дар фалон корхона кор ёфтам, корам ҳаст, ки ман аз ҳамин стресс баромадам. Дар бораи бемориям дигар фикр намекунам». Мо ҳам дар қатори онҳо хушҳол мешавем.
Пизишкон муътақиданд, ки агар занон ба сиҳатии худ бетаваҷҷӯҳӣ накунанду ҷиддан тамоми зинаҳои муолиҷаро риоя карда, то охир бо дард мубориза баранд, ҳатман муваффақ хоҳанд шуд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Салом, хоҳар. "Бе никоҳи расмӣ талоқ гирифтам. Чӣ кор кунам?""Салом, хоҳар": Лабҳои барҷаставу чашмони рӯбоҳӣ мехоҳед? ВИДЕОСалом, хоҳар. "Зан хидматгор нест". ВИДЕО Салом, хоҳар. Кӯдакамро намедиҳанд, чӣ кор кунам? ВИДЕОСарнавишти талхи Ситора дар нахустин барномаи "Салом, хоҳар" ВИДЕО"Салом хоҳар"-барномаи нави Радиои Озодӣ