Бозии даври охирини гурӯҳи “Е” миёни қаҳрамонҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ шаби сешанбеи 5-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе соати 21:00 оғоз меёбад.
БАРОИ ТАМОШОИ БОЗӢ НИСФИ БИЛЕТҲО ФУРӮХТА ШУДААСТ
Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи «Истиқлол», имрӯз, 30-юми ноябр, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳоло барои тамошои ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ беш аз 10 ҳазор билет фурӯхта шудааст.
Оқои Ҳакимов афзуд, "билетҳо дар се дараҷа пешниҳод шудааст. Нархи билети дараҷаи аввал барои ҷойгоҳҳои минбари ғарбӣ (бахшҳои 1, 2, 3, 4) 300 сомонӣ мебошад. Барои ҷойгоҳҳои боқимонда (шимолӣ, шарқӣ ва ҷанубӣ) нархи як билети дараҷаи дуюм 100 сомонӣ муқаррар шудааст. Ҳамчунин арзиши билети дараҷаи олӣ (VIP) 3000 сомониро ташкил медиҳад".
РОНАЛДУ ДАР РӮЙХАТИ ДАСТА ҲАСТ
Сухангӯи бошгоҳи «Истиқлол» гуфт, ки омадани дастаи «Ал-Наср» ба Душанбе рӯзи 4-уми декабр дар назар аст.
"Ҳамаи аъзои бошгоҳи «Ал-Наср» барои сафар ба Тоҷикистон виза гирифтаанд. Дар рӯйхат номи Криштиану Роналду низ зикр шудааст. Умедворем, ки капитани «Ал-Наср» дар ҳайати дастааш дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба майдон меояд ва мухлисони футбол бозии ӯро аз наздик тамошо мекунанд."
Бозии дигари даври шашум дар гурӯҳи «Е» байни дастаҳои «Персеполис-и Эрон ва «Ал-Дуҳайл»-и Қатар 5-уми декабр дар варзишгоҳи "Озодӣ"-и Теҳрон соати 21:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.
Ёдовар мешавем, бозии даври дуюми мусобиқот миёни дастаҳои “Ал-Наср” ва “Истиқлол”, ки 2-юми октябр дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз баргузор шуд, бо ҳисоби 3:1 ба нафъи мизбонон хотима ёфт.
Дарвоқеъ, ин бозиро тавассути телевизион беш аз 200 миллион тамошо карданд, ки ин дар таърихи Лигаи қаҳрамонҳои Осиё рекорди мутлақ аст.
«АЛ-НАСР» БА ПЛЕЙ-ОФФ БАРОМАД
Ҳоло дар ҷадвали гурӯҳи “Е” дастаи “Ал-Наср” бо касби 13 имтиёз дар мақоми аввал аст. Саудиҳо пешакӣ ғолиби гурӯҳ шуда, ба плей-офф роҳ ёфтанд.
“Персеполис”-и Эрон бо касби 8 имтиёз дар зинаи дувум мебошад. Ин даста барои ба даври баъдӣ роҳ пайдо кардан талош мекунад.
“Ал-Дуҳайл”-и Қатар бо касби 4 имтиёз дар зинаи сеюм аст. “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо касби 2 имтиёз дар ҷойгоҳи охирин – чаҳорум - қарор дорад.
"Ал-Дуҳайл" ва "Истиқлол" аз ҳаққи идомаи мубориза дар даври баъдии мусобиқот маҳрум шудаанд.
Зимнан, аз рӯи натиҷагирии марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2023/24 ғолибони панҷ гурӯҳ дар ҳар як минтақа, инчунин се дастаи нишондодҳояшон хубтари ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо дар ҳар як минтақа, дар маҷмуъ 16 даста, ба 1/8 финал роҳ пайдо мекунанд.
«ИСТИҚЛОЛ» ПЕШАКӢ ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН МЕШАВАД, АГАР...
Рустам Ҳакимов, инчунин иттилоъ дод, ки «Истиқлол» бозии мавқуфмондаи мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистонро миёни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи 1-уми декабр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ анҷом медиҳад.
Ба гуфтаи ӯ, агар Истиқлол» дар ин бозӣ пирӯз шавад, пешакӣ ба унвони қаҳрамони футболи Тоҷикистон даст меёбад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи «Е»
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ) |
5 |
4 |
1 |
0 |
12-6 |
13 |
2 |
«Персеполис» (Эрон) |
5 |
2 |
2 |
1 |
4-3 |
8 |
3 |
«Ал-Дуҳайл» (Қатар) |
5 |
1 |
1 |
3 |
5-8 |
4 |
4 |
«Истиқлол» (Тоҷикистон) |
5 |
0 |
2 |
3 |
2-8 |
2 |
Даври 6-ум
5-уми декабр (сешанбе)
21:00 «Истиқлол» (Тоҷикистон) - «Ал-Наср» (Арабистони Саудӣ)
Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.
21:00 (бо вақти Душанбе). «Персеполис» (Эрон) - «Ал-Дуҳайл» (Қатар)
Теҳрон, варзишгоҳи Озодӣ