"Ҷарима зиёд, аммо маош кам аст." Вокуниши сокинон ба қарори мақомот. ВИДЕО

Аз 1-уми январи соли 2024 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон зиёд мешавад. Боло рафтани ин нишондод маънои онро дорад, ки пардохтҳои давлатӣ аз ҷумла ҷаримаҳо зиёд хоҳанд шуд.

Зиёд будани ҷаримаҳо дар Тоҷикистон аз мавзуъҳои баҳсбарангез аст. Мақомот ин корро барои пешгирӣ аз қонуншиканиҳо муҳим медонанд, аммо сокинон мегӯянд, ҷаримаҳо бояд бо назардошти вазъи молии мардум таин карда шавад. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе назари сокинонро дар мавзӯи ҷаримаҳо пурсиданд. Баъзе посухҳоро инҷо хонед:

  • Ҳозир ҷаримаҳо зиёд аст, барои онки маоши мардум камтар аст. Ин барои мардум на он қадар хуб аст
  • Аз ҳама ҷаримаи арзон барои набастани тасмаи бехатарӣ 68 сомонӣ аст. Барои хати роҳро гузаштан 220-240 сомон ҷарима мекунанд. Баъзан мешавад, ки одам пареншонхотир хатро мегузарад.
  • Зиёд шавад он қадар хуб нест, будагиш хуб аст
  • Ин кор барои пешгирӣ аз қонуншиканӣ хуб аст
  • Вақте як соҳибкорро ҷаримаи калон мебандед, маҷбур мешавад ягон чизи хонаашро фурӯхта ҷаримаро супорад, дар оила ҷанҷол мешавад. Хубтар аст ҷарима аз рӯи тавоноии соҳибкор таин карда шавад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вокуниши мардум ба зиёд шудани ҷаримаҳо дар Тоҷикистон

КОРБАРОНИ АЗИЗ ШУМО ҲАМ МЕТАВОНЕД НАЗАРИ ХУДРО ДАР БОРАИ ИН МАВЗУЪ БА МО НАВИСЕД