Модари тоҷик мехоҳад, ҳукумат ҷасади духтарашро ёбад

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як сокини ноҳияи Варзоб наздик ба як моҳ боз интизори пайдо кардани ҷасади духтараш аст. Шодигул Мирзоева, модари Рӯзигули 13 сола мегӯяд, ӯ рӯзи 5-уми ноябр дар канал ё наҳри Варзоб, ки аз ҳудуди Душанбе мегузарад, ғарқ шудааст.