Шикофҳои қавмӣ, забонӣ, мазҳабӣ
Алӣ Майсам Назарӣ, мудири бахши равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, гуфт, “Толибон” аз роҳи гуфтушунид ислоҳ намешаванд. Вай фишори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва иттиҳоди гуруҳҳои зидди “Толибон”-ро муҳим шумурд.
“Медонед, ки ҷомеаи Афғонистон хеле қутбӣ шудааст. Шикофҳои қавмӣ, забонӣ, мазҳабиву фикрӣ ва ғайра ҳаст. Бояд эътимодсозӣ байни худи мардуми Афғонистон эҷод шавад. Аз роҳи ташкили ин нишаст ва дигар нишастҳо,” – гуфт ӯ.
Баъзе аз иштирокдорони “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” як иллати парокандагиро дар миёни нерӯҳои мухолифи “Толибон” ба “ҷоҳталабии баъзе аз шахсони таъсиргузори Афғонистон” пайванд доданд.
Шукрия Борикзай, узви собиқи порлумони Афғонистон, гуфт, “фикр мекунам, шояд дар ин байн баъзе аз гуруҳҳое бошанд, ки дӯст доранд дар қудрати сиёсӣ бо “Толибон” шарик бошанд. Ба ҳамин далел ҳаст, ки дидгоҳи сиёсӣ аз онҳо то кунун нашунидед. Онҳо назари худро баён накарданд.”
Аммо, ба қавли ӯ, “ҳар иҷтимои сиёсӣ, фикрӣ, чӣ аз ҷомеаи маданӣ, чӣ аз бахши академия, чӣ сиёсӣ, вақте ки омаданд, назари худро баён карданд. Гуфтанд, ки мо Афғонистони мутаалиқ ба мардумаш мехоҳем ва низоми машрӯе, ки аз мардуми Афғонистон намояндагӣ кунад.”
"Амнияти Кобул амнияти Теҳрону Душанбеву Маскав ҳам ҳаст"
Шайх Закариёи Кобулӣ, узви шӯрои сиёсии Ҷабҳаи муқовимат, меъёри ба гуфтааш “духӯра”-и ҷомеаи ҷаҳониро дар қазияи Афғонистон аз мушкили дигар номид. Вай шарҳ дод, ки “агар бархӯрди ҷомеаи байнулмилалӣ бо чунин тарз идома ёбад, пайомадҳои рафтори “Толибон” ба кишварҳои дигар низ хоҳад расид”.
“Терроризм як эпидемияе аст, ки табдил ба пандемия шудааст. Агар дар Кобул террористҳо ҳоким бошанд, қатъан Теҳрон осеб мебинад, қатъан Вашингтон осеб мебинад. Мо стандарти дугонаро бас кунем ва бояд бифаҳмем, ки амнияти Кобул амнияти Ҳирот, амнияти Теҳрону Душанбеву Хуҷанду Маскав ҳам ҳаст, амнияти Франкфурту Мюнхен ҳам ҳаст," – илова кард Шайх Закариёи Кобулӣ.
Дар нишасти “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” ин нукта ҳам садо дод, ки дар баробари гуруҳҳо ё чеҳраҳои таъсиргузор бояд дар ҳалли мушкили Афғонистон "ҳамфикрӣ миёни кишварҳо" низ вуҷуд дошта бошад. Дар ҳоле ки, ба гуфтаи Асад Дуронӣ, яке аз коршиносон, “ҳеч кӯшиши муштараке нест ва кишварҳо ба таври ҷудогона кор мекунанд”.
"Ҳикоят, нақл, чақ-чақ" ё чизи дигар?
Соли дуюм аст, ки нишасти “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” соли 2012 таъсис ёфта, ҳадафаш баррасии мушкилоти Афғонистон гуфта мешавад. Назарҳо дар мавриди онки ин нишаст то куҷо метавонад ба ҳалли буҳрони Афғонистон мусоидат кунад, гуногун аст.
Абдуллои Раҳнамо, сиёсатшиноси тоҷик, мегӯяд, “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” як майдони табодули назар ва фазосозӣ аст.
“Аммо чунин интизор, ки ин конфронс метавонад қазияи Афғонистонро ҳал кунад, бисёр хушбинона аст, зеро вазъияте, ки имрӯз дар Афғонистон ҳаст, ин натиҷаи як таомули бузурги геополитикии ҷаҳонӣ аст. Ҳалли ин қазия дар ҳоле имконпазир мешавад, ки дар канори ин хел ҳамоишҳо, нишастҳои сиёсии давлатҳои бонуфуз бо ширкати раҳбарони давлатҳо баргузор шавад,” -- таъкид намуд ӯ.
Баъзе аз сиёсатмадорони тоҷик муҳтавои суханрониҳо ва изҳори назари иштирокдорони нишасти 11-уми “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”-ро дар Душанбе "такрорӣ" ва "номуассир" донистанд.
Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, гуфт: “Ин конфронс механизми татбиқи мақсадро ҳеч муайян накард. Механизми татбиқи мақсадаш чӣ аст? Ин маълум нест. Агар мақсад ҳикоят, нақл, чақ-чақ бошад, хуб, ин дигар. Лекин дар мавзӯи мушкилоти Афғонистон, ҳалли он касе намехоҳад чизе гӯяд, ҳатто метарсанд, ки номи толибро бигиранд."
Дар нишасти “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот”, ки ду рӯз идома ёфт, ҳудуди 150 коршиноси дохиливу хориҷӣ иштирок карданд. Ҳарчанд "Толибон" даъват шудаанд, вале наомаданд ва мавқеи онҳо ба баргузории нишаст маълум нест.
"Толибон" беш аз ду сол боз ҷилави ҳукуматро дар Афғонистон ба даст доранд. Онҳо ба ташкили ҳукумати иборат аз намояндагони як қавму гурӯҳ, нақзи ҳуқуқи мардум, аз ҷумла занону духтарон муттаҳаманд.