Тоҷикистон мехоҳад аз Туркманистон гази моеъ бигирад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъд аз манъи содироти газ аз Қазоқистон ва боло рафтани нархи он дар Тоҷикистон, мақомот дар ҷустуҷӯйи роҳҳои нави ворид кардани ин навъи сӯзишворӣ шудаанд. Аз ҷумла, мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд, содироти газро аз Туркманистон ба роҳ монанд. Дар нишасти Кумисюни муштараки Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе ҳамин масъала баррасӣ шудааст.