Бозор Собир бистуми ноябри соли 1938 дар рустои Сӯфиёни ноҳияи Файзобод таваллуд шуда, дар ятимхонаи шаҳри Ҳисор тарбият гирифтааст. Солҳои ҳаштодуми қарни гузашта ба ҷунбишҳои озодихоҳиву демократӣ пайваста, аз бунёдгузорони Ҳизби демократии Тоҷикистон буд.
Дар аввали соли 1993 мақомоти кишвар ӯро боздошт ва дар пайи фишорҳои ҷомеаи байнулмилалӣ дар охири ҳамон сол озод карданд. Баъд аз муҳоҷират ба Амрико, Бозор Собир ду даъфа ба Тоҷикистон омада, мақомот ӯро афв ва барояш ҷоиза низ ихтисос доданд. Ҳамчунин мақомот барояш хонаи нав ҳадя карданд. Вале соли 2018 Бозор Собир барои табобат боз ба Амрико рафт ва якуми майи ҳамон сол дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтл фавтид. Мақомоти тоҷик дастур доданд, ки ҷанозаи шоир ба ватан интиқол дода шавад.
Дар ин мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ дар 16-уми апрели соли 1998 вай вазъу ҳоли худро дар муҳоҷират ва муносибаташро ба воқеаҳои Тоҷикистон баён доштааст. Ашъори ӯ дар миёни хонандаҳои тоҷик маҳбубияти хос дорад. Ҳарчанд баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон бештар шеърҳое дар васфи Эмомалӣ Раҳмон ва инкори арзишҳои исломӣ навишт. Чунин шеърҳоро соҳибназарон нохун задан ба эҳсосоти динии мардум ва эҳтимол баҳои бозгашти мутантани ӯ донистаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад