Абигайл Эдани чорсола, яке аз 17 гаравгоне буд, ки рӯзи якшанбе аз асорати гурӯҳи тундрави Ҳамос озод шуд. Ҷо Байден, президенти Амрико аз ин ҳодиса истиқбол кард ва гуфт:
“Ҳангоми ҳамлаи террористони Ҳамос рӯзи 7-уми октябр, модари вай дар пеши чашмаш кушта шуд. Абигайл ба сӯи падараш давид, вай баданашро барои наҷоти Абигайли хурдсол сипар кард ва тир хӯрд.”
Оташбаси чоррӯза миёни Ҳамос ва Исроил аз рӯзи ҷумъа оғоз шуда, имрӯз поён меёбад. Ҳамос то кунун аз 240 гаравгон 53 нафарашро озод кардааст.
Президент Ҷо Байден ба талошҳои дипломатие, ки барои ба даст омадани оташбаси муваққат байни Ҳамосу Исроил анҷом шудааст, рӯшанӣ андохт.
“Мо бо раҳбарони Қатар ва Мисру Исроил дар робитаи зич будем. Дар ин чанд ҳафтаи ахир барои расидан ба оташбас бо ҳар яки онҳо борҳо сӯҳбат доштем. Ҳоло ҳар як табассум ва ашки шодие, ки дар чеҳраи оилаҳои билохира ба ҳам омада мебинем, далели он аст, ки ин талошҳо арзиш доштанд ва бояд ин корро давом дод.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вале ҷараёни офиятбахшии гаравгонҳои озодшуда тӯлонӣ хоҳад буд. Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Кохи Сафед гуфт:
“Вазъи ҷисмонии аксари онҳо хуб аст. Аз нигоҳи равонӣ барои офиятбахшии онҳо вақти зиёд зарур аст. Исроил ва кишварҳои дигар ҳама имкониятҳоро ба рафъи осеби равонӣ сафарбар кардаанд.”
Дар чаҳорчӯби оташбас Исроил ҳам даҳҳо маҳбуси фаластиниро озод кард. Ба Ғазза маводи сӯхт ва кӯмаки башардӯстона ворид карда шуд. Идомаи оташбас аз давом ёфтани табодули асирон вобаста аст.
Майк Тернер, намояндаи ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА дар сӯҳбат бо шабакаи NBC гуфт:
“Тавре сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ахиран гуфт, вақте муҳлати оташбас анҷом меёбад, ҷанг то замони нобудии гурӯҳи Ҳамос идома хоҳад ёфт.”
Бо ин вуҷуд умед ҳаст, ки дар ниҳоят ҳалли доимие барои анҷоми низои байни Исроилу Ҳамос пайдо хоҳад шуд.
Ро Ҳанна, намояндаи ҳизби демократии Амрико зимни мусоҳиба бо шабакаи ABC гуфт:
"То замоне, ки давлати мустақили Фаластин вуҷуд надорад, дар ин минтақа сулҳу амният нахоҳад шуд."
Дар ҳамин ҳол, попи Рум Франсис ҳам дар Ватикан ба зарурати музокира барои ҳалли низоъ таъкид ва аз раҳоии гурӯҳи нави гаравгонҳо истиқбол кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Ҳамос" хостори тамдиди оташбас шуд. Исроил қабул кард, аммо бо як шарт Бузургтарин корвони кумакҳои башардӯстона вориди Ғазза шуд"Ҳамос" 17 гаравгонро раҳо кард