Барои сокинон дар Ғазза обу ғизо ва дорӯ оварданд. Ба беморхонаи Ал-Шифо, ки рӯзҳои ахир шоҳиди ҷангҳои шадиде шудааст, барои кӯчонидани одамон 11 мошини ёрии таъҷилӣ ва 3 автобус интиқол дода шудааст.
Ҳамчунин ба як деҳаи Исроил 200 мошини боркаш бо кӯмакҳои башардӯстона ирсол шудааст. Машинҳои ҳомили ғизову об шоми 25-уми ноябр ба минтақаҳои таъиншуда расиданд.
Ҳоло дар Ғазза оташбаси муваққат ҷорӣ шудааст. Гурӯҳи тундрави “Ҳамос” ваъда дода, ки дар чаҳор рӯз дар умум 50 зану кӯдакеро, ки гаравгон гирифта буд, раҳо хоҳад кард. Исроил ҳам муваззаф шуд, 150 зиндонии фаластиниро озод мекунад.
Дар ду рӯзи оташбас гурӯҳи ҲАМОС дар маҷмӯъ 26 гаравгони исроилӣ ва 15 шаҳрванди хориҷиро раҳо кард. Қарор аст 26-уми ноябр ҳам гурӯҳи навбатии гаравгонҳо озод шаванд.
Бино ба гузоришҳо намояндагони ҲАМОС рӯйхати 13 исроилӣ ва 7 хориҷиеро, ки бояд дар даври навбатӣ озод шаванд ба ҷониби Исроил ирсол кардааст.