Ислоҳот дар зиндонҳои Тоҷикистон натиҷа додааст?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як коршиноси байналмилалӣ, ки бо мақомоти тоҷик барои ислоҳот дар зиндонҳои Тоҷикистон кор мекунад, мегӯяд шароити муассисаҳои ислоҳӣ беҳбуд меёбад. Ба гуфтаи Азамат Шамбилов, ки моҳи октябри имсол бо шароити зиндонҳо ошно гашт, кор дар самти беҳтар шудани низоми зиндонҳо бояд идома ёбад.