Масъалаи хушунат дар оила барои Тоҷикистон як мушкили доғ боқӣ мемонад. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҳамасола дар доираи маъракаи "16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат" ба ин мушкили занон то ҳадде расидагӣ мекунанд. Ҳамчунин, онҳо амалишавии Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023-ро як роҳи мубориза бо хушунату зӯроварӣ дар хонаводаҳо медонанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар як пурсиш аз роҳгузарон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд, ки агар шумо дар кӯча дидед, ки зан ё духтареро мезананд, таҳдид мекунанд ваё дашном медиҳанд, чӣ кор мекунед?
БАЪЗЕ ПОСУХҲОРО ИНҶО ХОНЕД:
- Вақте шоҳиди чунин ҳолатҳо мешавем, аввал сабаби онро мепурсем. Ба он мард мегӯям, ки ман ҳоло ба пулис хабар медиҳам, зеро бадрафторӣ бо зан ва он ҳам дар кӯча хеле бад аст.
- Пеш аз он, ки дар ин ҳолат дахолат кунам, сабабашро мепурсам. Агар онҳо бо кадом як мушкили оилавӣ рӯбарӯ ҳастанд, бигзор байни худашон ҳал кунанд. Танҳо дар ҳолати латукӯби зан мумкин аст кӯмак кунам.
- Мавридҳое ҳаст, ки ҳам занон гуноҳ мекунанд ва ҳам мардон. Вақте бадрафторӣ нисбат ба занонро дар кӯча рух медиҳад, гуфта наметавонам кӣ гунаҳкор аст. Вале мо ҳама инсонем, вақте мебинем, ки зӯроварии ҷисмонӣ ба зан шуда истодааст, дахолат мекунам.
- Касе ҳақ надорад бо зан ё хоҳараш бадрафторӣ кунад. Ба фикрам дар бештарин ҳолат заноне мавриди зуроварӣ қарор мегиранд, ки аз надонистани ҳуқуқҳои худашон аст.
- Пеш аз ҳама мо кӯшиш кунем ҳамин ҳодисаҳо рух надиҳад. Ҳолатҳое ҳаст, одамон мебинанд, ки бо зан ё духтаре бадрафторӣ мешавад, вале бепарво ҳастанд ва гузашта мераванд. Мегӯянд, ин кори ду нафар аст. Вале ин хато аст, чунки агар шумо ба ин гуна ҳодисаҳо бепарвоӣ кунед, занон ҳарчӣ бештар мавриди хушунат қарор мегиранд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад