Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сафари дурӯзааш ба Маскав бо роҳбарияти Русия дидор дошт ва дар маврид ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард ва аз дасти Владимир Путин нишони дараҷаи 3-и "Барои хизмат дар назди Ватан" гирифт.
Ин сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рӯзи 21-ум ноябр шурӯъ ва 22-юм ба анҷом расид. Раиси ҷумҳури Тоҷикистонро дар ин сафар ҳайати бузурги Тоҷикистон, аз ҷумла вазирони корҳои дохилӣ ва хориҷӣ, вазоратҳои рушди иқтисод, саноат, Академияи илмҳо ва намояндагон аз вазорату ниҳодҳои дигар ҳамроҳӣ карданд.
Дар Маскав Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин чанд дидор дар доираҳои маҳдуд ва густурда дошт ва инчунин бо раиси ҳукумати Русия Михаил Мишустин мулоқот намуд.
Сарони кишварҳо масоили тиҷорату иқтисод, ҳамкориҳои башардӯстона ва амнияти минтақавиро баррасӣ карданд. Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар сиюмин солгарди ба имзо расидани Созишномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобил байни Тоҷикистону Русия суртат гирифт.
Сафари маъмулӣ?
Дар натиҷаи ин сафар ҳафт санад, аз ҷумла чор ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ, ду тарҳи ҳамкорӣ байни вазоратҳо ва ду созишнома байни Хадамоти гумрук ва ҳамкориҳои илмӣ имзо шуданд.
Сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русияро дар остонаи сиюмин солгарди имзо шудани шартномаи дӯстӣ таъйиди равобити шарикӣ медонад. “Ҳеч мавриди хосе дар ҷараёни ин сафар мушоҳида нашуд. Эҳтимолан дар тамоми ин муддат Маскав талош кард Тоҷикистонро ба пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёи мутақоид кунад, аммо чизе ҳосил нашуд. Ҳама чиз мисли пештара боқӣ монд. Танҳо дар заминаи тиҷорат каме пешравӣ шуд”, - таъкид мекунад сиёсатшинос. Ба гуфтаи ӯ, дар шароити инзивои Русия ҳар ду ҷониб талош мекунанд, равобити тиҷорӣ-иқтисодиро афзоиш диҳанд.
Ду президент ба ҳамдигар чӣ гуфтанд?
Дар ҷараёни сафар Владимир Путин ишора кард, ки тақрибан 30 дарсади гардиши тиҷоратии Тоҷикистон дар Русия аст ва ҳаҷми сармоягузории мустақими Русия 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад. Ӯ инчунин зикр кард, ки Русия дар Тоҷикистон нерӯгоҳи Сангтударо бунёд кард, ки беш аз 10 дарсади барқи ниёзи мардумро тавлид мекунад.
Ғайр аз ин, ба гуфтаи Владимир Путин гуруҳи “Русгидро” ба иҷроӣ шудани иншоотҳои мавҷуд мусоидат мекунад ва талош дорад дар тарҳрезии воҳидҳои ҷадиди барқи обӣ ширкат кунад.
Дар заминаи фарҳанг ва ҳамкориҳои башардӯстона раиси ҷумҳур Путин ба бунёди панҷ мактаб ва ихтисос додани 200 миллион рубл барои хариди китоб барои ин мактабҳо ишора карда, аз афзоиш додани бурсияи таҳсил барои 1000 донишҷӯ ва унвонҷӯ дар солиҳои 2024–2025 хабар дод.
Эмомалӣ Раҳмон низ аз сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ кард. Ӯ тоҷирони Русияро барои сармоягузорӣ дар тарҳҳои барқи обӣ, маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳӣ дар Тоҷикистон даъват кард.
Ҷонибҳо инчунин таъкид доштанд, ки дар мавриди масоили амнияти минтақавӣ, аз ҷумла дар мавзуи таҳидҳо аз ҷониби Афғонистон гуфтугӯ карданд.
“Ҳифзи шарик”
Шореҳи сиёсӣ аз Русия ба шарти ифшо нашудани номаш (чун ҳамкорӣ бо бахши русии Радиои Озодӣ дар Русия мамнӯъ аст) мегӯяд, ҳамкориҳои феълии Русия ва Тоҷикистонро метавон дар як ҷумла хулоса кард. “Русия Тоҷикистонро бо манобеи энержӣ ва забони русӣ таъмин ва талош дорад, мавқеи худро ҳифз кунад. Ин дарк вуҷуд дорад, ки рақобат барои минтақа дар ҳоли шиддат гирифтан аст. Аз ин рӯ, дар Маскав талош доранд, дар ин рақобат пештоз бошанд,”- мегӯяд ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.
Дар тӯли соли 2023 раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтоёни минтақаии худ дар нишастҳои Осиёи Марказӣ+1, аз ҷумла бо раиси ҷумҳури Амрико, садри аъзами Олмон, роҳбари Чин ва дигарҳо дидор дошт.
Шореҳи сиёсӣ Набӣ Юсупов мегӯяд, Тоҷикистону Русия барои ҳамдигар пешниҳодҳои мутақобил доранд. “Ман шахсан фикр мекунам, ки бояд мунтазири тағйироти мусбат дар заминаи муҳоҷирати корӣ, тавлиди саноатӣ ва кишоварзӣ ва ҳамкориҳои низомӣ-сиёсӣ бошем. Ин аввалин чиз дар дастури кор аст. Аммо, ман фикр мекунам, ки ҳанӯз дар ҳавзаи иҷтимоӣ ва пеш аз ҳама дар заминаи омӯзиш, тандурустӣ ва эҳтимолан заминаи фарҳангӣ ва сайёҳӣ пешрафтҳое вуҷуд хоҳанд дошт,” - мегӯяд Юсупов.
Масъалаи муҳоҷирати корӣ яке аз мавзуҳои доғи ҳамкориҳои Душанбе ва Маскав боқӣ мемонад.
Муҳоҷирони тоҷик солҳои ахир мавриди озору азияти ниҳодҳои қудратии Русия қарор мегиранд ва идораҳои давлатӣ дар бахшҳои гуногуни Русия маҳдудиятҳои навро барои муҳоҷирон эъмол мекунанд.
Мавзуи муҳоҷирон дар сатҳи расмӣ ба баррасӣ гирифта нашуд. Аммо, ба навиштаи нашрияи “Коммерсант” “Владимир Путин авлавиятҳои қобили таваҷҷуҳеро барои 1,2 миллион муҳоҷири тоҷик эълом кард.”
Ин нашрия ба нақл аз Путин навиштааст “барои шаҳрвандони Тоҷикистон қонунан муддати иқомати тулонимуддат дар қаламрави Русия бидуни сабти ном (15 рӯз) ва инчунин имкони гирифтани иҷозаи кор то се сол дар назар гирифта шудааст.”
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
ПУРСИШ: Аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав чӣ интизориҳо доред? ВИДЕОСафари Эмомалӣ Раҳмон ба Русия