Ҳамлаи низомии Русия ба Украина, ки бузургтарин ва пурталафоттарин ҷанг дар Аврупо аз замони поёни Ҷанги ҷаҳонии дувум аст, боиси танишҳои бесобиқа байни Ғарб ва Русия аз замони поёни Ҷанги Сард шудааст.
Путин, ки аз замони оғози ҳамла ба Украина барои аввалин бор дар нишасти сарони "Гурӯҳи 20" суханронӣ мекард, гуфт, бархе аз раҳбарони ҳозир дар ҷаласа дар суханронии худ гуфтанд, ки аз идомаи "ҳамлаи низомӣ"-и Русия ба Украина ҳайратзада шудаанд.
Раиси ҷумҳури Русия дар идомаи суханронии худ дар ин нишаст, ки ба шакли онлайнӣ (маҷозӣ) баргузор шуд, афзуд, "бале, бидуни шак иқдомоти низомӣ ҳамеша фоҷеабор ҳастанд. Ва мусаллам аст, ки мо бояд фикр кунем чигуна метавонем ба ин фоҷеа поён диҳем ва инро низ ёдоварӣ кунам, ки Русия ҳеҷ гоҳ гуфтугӯ бо Украинро рад накардааст".
Як мақоми баландпояи Русия рӯзи сешанбе гуфт, Маскав бо режими феълии Украина наметавонад ҳамзистӣ дошта бошад ва "амалиёти вижаи низомӣ" то ғайринизомӣ кардани Украина идома хоҳад дошт.
"Амалиёти вижаи низомӣ" иборае аст, ки Маскав барои ҳамлаи низомии худ ба Украина ба кор мебарад.
Ҳукумати Украина борҳо эълом кардааст, ки то хуруҷи охирин сарбозони Русия аз қаламрави ин кишвар ба ҷанг идома медиҳад ва тарафдорони ғарбии ин кишвар низ ваъда додаанд, ки ба ҳимоят аз Киев идома хоҳанд дод.
Нишасти онлайнии сарони "Гурӯҳи 20" ба мизбонии Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд ва раиси давраии ин иҷлосия баргузор шуд.
Ҳудуди 20 дарсади қаламрави Украина, аз ҷумла нимҷазираи Крим акнун дар тасарруфи Русия аст ва Владимир Путин соли гузашта эълон кард, ки ин қаламравҳо ҷузъе аз хоки Русия ба ҳисоб мераванд.
Путин дар ду нишасти қаблии сарони "Гурӯҳи 20", ки дар Ҳинд ва Индонезия баргузор шуд, ҳузур надошт ва ба ҷойи ӯ Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар он нишастҳо иштирок карда буд.
Раиси ҷумҳури Русия дар солҳои 2020 ва 2021 ва ҳамзамон бо маҳдудиятҳои вобаста ба КОВИД-19 низ ба сурати маҷозӣ дар нишастҳои сарони кишварҳои "Гурӯҳи 20" иштирок кард.
Охирин бор, ки ӯ ҳузурӣ дар ҷаласаи сарони "Гурӯҳи 20" иштирок кард, нишасти соли 2019 дар Ҷопон буд.