Бар иловаи ин, акнун фарзандони оилаҳои камбизоат аз давлат ҷудогона маблағ дарёфт мекунанд. Бо вуҷуди зиёдшавии ёриҳои давлат ба хонаводаҳои нодор, коршиносон ҳаҷми кумакҳоро ночиз медонанд.
ЁРИИ ДАВЛАТ ЧӢ ҚАДАР ЗИЁД МЕШАВАНД?
Феълан ҳар оилаи камбизоат дар Тоҷикистон солона аз давлат 8 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё баробар ба 544 сомонӣ кумак мегирад. Бар асоси қарори ҳукумат, ҳаҷми ёрии давлат то охири соли равон ба 612 сомонӣ расонда мешавад.
Соли 2024 ҳаҷми кумаки иҷтимоӣ то 680 ва соли 2025 ба 748 сомонӣ хоҳад расид. Яъне, бар асоси қарори ҳукумат, давоми ду соли оянда миқдори кумакҳои давлатӣ ба ҳар оила беш аз 200 сомонӣ ё тақрибан 20 доллари амрикоӣ зиёд хоҳад шуд.
Тағйироти дигар ин аст, ки сар аз имсол давлат ба фарзандони то 16 сола аз оилаҳои камбизоат алоҳида кумак мерасонад. Ба ҳар фарзанди оилаи нодор имсол чоряк нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 17 сомонӣ, соли 2024 68 сомонӣ ва аз соли 2025 136 сомонӣ медиҳанд. Мақомот гуфтанд, аз ҳар оилаи нодор танҳо то 3 фарзанди ноболиғ ҳаққи гирифтани чунин ёриро доранд.
КИҲО ҲАҚҚИ ГИРИФТАНИ КУМАКРО ДОРАНД?
Соима Муҳаббатова, сардори Шуъбаи таҳлили сиёсати ҳифзи иҷтимоӣ дар Вазорати тандурустӣ 21-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, кумакҳои иҷтимоӣ ба оилаҳое дода мешавад, ки барои камбизоат буданашон санад пешниҳод карда, "дар барномаи АСИСТ сабт шудаанд".
“Ин кумакпулӣ барои як сол муайян шудааст. Кумакпулии иҷтимоӣ ин нафақа нест, ки тамоми умр ба шумо пардохт карда шавад. Кумакпулии иҷтимоӣ ба хотири дар вазъи камбизоатӣ дастгирӣ кардани оилаҳо аст ва вай барои як сол дода мешавад. Соли оянда зарур аст, ки шаҳрванд боз аз нав ариза пешниҳод кунад",-афзуд ин масъули Вазорати тандурустӣ.
Мақомот сатҳи камбизоатӣ дар кишварро 22,5 дарсад мегӯянд. Вале аз ин миқдор танҳо каме зиёдтар аз 222 ҳазор ё 2,2 дарсади аҳолӣ аз давлат кумаки иҷтимоӣ дарёфт мекунанд. Имсол аз буҷаи кишвар барои ёрӣ ба чунин хонаводаҳо 154 миллион сомонӣ ҷудо шудааст.
50 ДОЛЛАР ДАР ЯК СОЛ БА ЧӢ МЕРАСАД?
Ҳанифа Набиева яке аз садҳо оилаест, ки ҳамчун камбизоат сабт шуда, се сол боз аз давлат ёрии молӣ дарёфт мекунад. Ёрии давлат ба ин оила солона 540 сомонӣ ё тақрибан 50 долларро ташкил медиҳад. Ин зан бо чор келинаш дар як ҳавлӣ дар маҳаллаи "Ҳазрати Мавлоно"-и шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд. Писаронашон дар Русия муҳоҷиранд ва имкони хариди хонаи алоҳидаро надоранд.
Ҳанифа Набиева мегӯяд, ёрии давлат ҳарчанд чандон зиёд нест, аммо "як гӯшаи зиндагиро мегирад, ҳеч чиз ҳам нашуд пули барқамон мешавад. Аз мағоза баъзан қарз мегирем ва кумакпулиро бурда пули қарзро медиҳем. Баъзан то хона омадан тамоман намемонад".
Ҳанифа Набиева дархост дорад, ки ҳаҷми кумаки давлат ками дигар зиёд карда шавад ва "ақаллан ба як халта орд расад".
КОРШИНОС: НОЧИЗ АСТ. МАҚОМОТ: ДИГАР ИЛОҶ НЕСТ
Баъзе таҳлилгарон ёриҳои давлат ба хонаводаҳои нодорро нокофӣ медонанд. Фозилҷон Фатҳуллоев, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, дар шароите, ки нархи маҳсулоти ғизоӣ ва хадамоти комуналӣ боло меравад, ёрии давлат ночиз аст.
"Барои оилае ки аз се нафар-зану шавҳар ва як фарзанд иборат аст, барои ҳамин гуна оила ҳам кофӣ нест. Барои онки нархи озуқа, аз ҷумла орд ва равған ниҳоят гарон аст. Шояд онҳо бо ҳаво нафас кашида сер шаванд. Ин ғайриимкон аст, ки бо кумакҳои давлат ин гуна оилаҳо зиндагии худро пеш баранд".
Дар посух ба ин мавзуъ, мақомот мегӯянд, буҷаи кишвар ҳамин зарфияти кумак ба оилаҳои нодорро дораду бас.
Аммо ба назари Фозилҷон Фатҳуллоев, аз баъзе хароҷоти ғайри зарурӣ аз ҷумла, сохтани майдону марказҳои фарҳангӣ аз ҳисоби буҷа бояд даст кашид ва маблағи он барои муқобила бо камбизоатӣ равона шавад.