Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Тоҷикистон рӯзи сешанбе бо сафари расмӣ ба Русия рафт. Душанбе ва Маскав шарикони стратегӣ дониста мешаванд ва Русия дар хоки Тоҷикистон азимтарин пойгоҳи низомии хориҷиашро ҷой додааст ва низ соле то як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия барои кор мераванд.
Вале маҳз муҳоҷирони тоҷикистонӣ, ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, аз беҳимоятарин қишри коргарони хориҷӣ дар ин кишвар дониста мешаванд, ки вобаста ба тағйирёбии муносибатҳои байни раҳбарон ё ҳукуматҳои ду кишвар мавриди фишору азият қарор мегиранд.
Аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсидем, ки мехоҳанд дар ин сафар байни раҳбарони ду кишвар кадом масъалаҳо матраҳ шаванд?
- Ҳар рӯз рейд мешавад, ҳуҷҷат дорӣ ё не, маҷбур қапида ба идораи милиса мебаранд. Бо ҳар баҳона аз Русия ихроҷ мекунанд. Патент қимат аст. Агар ин масъалаҳо гуфта ва ҳал шавад, бисёр хуб мешавад.
- Нисбати шаҳрвандони мо миллатчигӣ накунанд. Ин як бемории бадтарин дар ҷомеа аст. Бояд маҳалгароӣ дар байни халқу миллатҳо набошад. Ҳамон тавре, ки замони шуравӣ мо ҳама мисли як бародар будем.
- Пеш аз ҳама бояд тоҷиконро эҳтиром кунанд. Шарт нест, аз кадом кишвар ҳастӣ, бояд ҳама миллатҳоро, ҳамаи арзишҳои миллиро, расму оинро эҳтиром гузошт. Зеро онҳо низ мисли бародар, хоҳар падару модар ва пеш аз ҳама инсон ҳастанд.
- Фикр мекунам, шароити корро беҳтар кардан лозим, барои гирифтани муҷаввиз, патент барои кор ва интиқоли хуби маблағҳоро ба роҳ монем. Дар ниҳоят муносибати хуб ба якдигар бошад ва инчунин муҳоҷиронро хуб қабул кунанд.
- Патент қимат, 8500 рубл. Бо иҷозатномаи ҷои истиқомат 11030 рубл мешавад, ки хеле гарон аст. Пули иҷора, хурду хӯрок ин тамоман бо маоши мо мувофиқат намекунад. Бояд ин чизҳо осонтар шавад.
- Мехоҳем, ки нархи газу бензин дар Тоҷикистон арзон шавад. Албатта агар дар ҳақиқат аз Русия вобастагӣ дошта бошад, бояд ягон созишномае банданд, ки он арзон шавад.
- Дар сатҳи раҳбарони ду кишвар ҳамаи масъала ҳал мешавад. Аммо худи давлати Русия низомаш чунин аст, ки нисбати ягон миллати дигар мувофиқ ба қонун муносибат намекунанд. Сохтори давлати Русия ҳаминхел аст, ки мардум бояд азоб кашад ва хизмати онҳоро кунад. Натанҳо Тоҷикистон, балки тамоми кишварҳое, ки бо Русия қарордод дошта бошад, ҳамин мушкилро дорад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад