Раис гуфт: "Баромада равед". Як ширкати сохтмониро дар Душанбе ҷазо доданд. ВИДЕО

Мақомоти ҳифзи меҳнат дар Тоҷикистон як ширкати бинокорро барои поймол кардани ҳуқуқи коргаронаш ҷарима баста, ҳамчунин масъулони онро муваззаф кардаанд, ки даҳҳо ҳазор сомонӣ қарзи музди маоши коргаронро пардохт намоянд.

Дар ширкати сохтмонии “Абр текстил” хабарро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ин гуруҳи коргарон ҳангоми бунёди бинои баландошёна кори худро пурра иҷро накарданд. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, барои пешгирӣ аз чунин баҳсҳо, корфармо ва коргар бояд қарордоди расмӣ имзо кунанд.

Хадамоти назорати давлатии ҳифзи меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар пайи шикояти як гуруҳи 11-нафараи коргарони тоҷик аз болои масъулони ширкати сохтмонии “Абр текстил”, ду масъули ин ширкати бинокорро 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 68 сомонӣ) ё ба андозаи 1360 сомонӣ ҷарима бастаанд.

Хадамот дар пайи шикояти сохтмончиён ба додситонӣ ин баҳсро баррасӣ кардааст, ки ширкати сохтмонии “Абр текстил” музди корашонро надода ва онҳоро аз кор ҷавоб додааст.

Ҳабибуллоҳ Нозимов, коргари кирояе, ки ҳамроҳ бо 11 нафари дигар барои ин ширкат дар сохтмони баландошёнае кор мекард, дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: “Бо раҳбари ширкат Фарҳод Маҳмудов шартномаи шифоҳӣ доштем. Гуфт, ки «барои рехтани як куб бетон 290 сомонӣ медиҳам». Аз рӯзи 1-уми сентябр мо корро дар он ҷо оғоз карда то 25-уми сентябр кор кардем. Дар ошёна 9-ум корро сар кардем. Раис ба мо гуфт, ки «баромада равед. Шумо кам ҳастед, ба ман ин хел коргар даркор нест». Мо пуламонро талаб кардем”.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, тибқи ҳисоби онҳо дар як моҳи кор дар ин сохтмон бояд корфармо барояшон 49 ҳазор сомонӣ маош медод, аммо ба онҳо каме беш аз 5 ҳазор сомонӣ додаанд. Баъд аз ин гурӯҳи сохтмончиён ба додситонии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт шикоят карда, таҳқиқи ин мушкил ба дӯши шӯъбаи хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Душанбе вогузор шуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сохтмончиён шикоят доранд, ки ширкат онҳоро истифода бурда, бемаош аз кор ронд

Исмоил Миралиев, яке дигар аз коргарони ин ширкат гуфт: “Хадамоти меҳнат омад ва баёноти моро гирифт, ҳалнома баровард ва гуфт, «200 сомонӣ барои ҳар як куби бетонро гиред, ё ин ки ба додгоҳ муроҷиат кунед». Ба гуфтаи Миралиев, «ҳамин маблағи гуфтаи хадамотро ҳам ба мо надоданд”.

Хадамот пас аз санҷиши шикояти сохтмончиён, ширкати “Абр текстил”-ро вазифадор кардааст музди кори сохтмончиёнро, ки ба ҳисобҳои ин ниҳод каме бештар аз 22 ҳазор сомонӣ мебошад, пардохт кунад.

Дар ҳамин ҳол рузи 17-уми ноябр як масъули ширкати сохтмонии “Абр текстил” дар сӯҳбати бидуни сабт ба Радиои Озодӣ вуҷуди ин баҳс бо сохтмончиёнро тасдиқ кард ва гуфт, барои бе қарордод ба кор қабул кардани коргарон Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат ду корманди ин ширкатро ҷарима кардааст. Аммо дар посух ба сабаби напардохтани маоши сохтмончиён ин ҳамсуҳбати мо гуфт: “Онҳо корашонро пурра ва босифат иҷро накардаанд. Ҳатто дар оғоз 22 ҳазор сомонии муқарракардаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнатро гирифтан нахостанд”.

Коргарон мегӯянд, онҳо мехоҳанд корфармо барояшон 49 ҳазор сомонӣ музди корашонро пардохт кунад. Вале ҳамзамон барои ин кор имкони молӣ надоранд ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Бар асоси қонуни меҳнати Тоҷикистон, напардохтани музди кор аз ҷониби корфармо поймол намудани ҳуқуқи корманд дониста мешавад.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ба хотири ин ки чунин баҳсҳо ба миён наояд, бояд корфармо ва коргар қарордоди расмӣ дошта бошанд.

Дар Тоҷикистон баҳси напардохтани музди сохтмончиён зиёд ба мушоҳида намерасад, аммо ҳолатҳои ҷудогонаи баҳси ширкатҳои сохтмонӣ бо коргарони кироя борҳо расонаӣ шудааст. Аз ҷумла, дар гузашта коргарони тоҷик аз поймол шудани ҳуқуқи меҳнатиашон шикоят карда буданд ва мақомот чанд ширкати чиниро барои поймол кардани ҳуқуқи коргарон ҷарима баста буд. Дар пайи шикояту нигарониҳо, ҳуқушиносон пайваста таъкид мекунанд, ки напардохтани маош тибқи қонун поймол кардани ҳуқуқи коргар ба шумор меравад ва онҳо ҳақ доранд ба додгоҳ шикоят баранд.

Вале дар таҷриба дида мешавад, ки коргарони норозӣ на ҳамеша омода ҳастанд аз болои кордиҳандаи худ ба додгоҳ шикоят кунанд. Баъзе аз онҳо бовар доранд, дар пайи шикоят аз кор ва ҳамин тавр аз манбаи даромад маҳрум хоҳанд шуд.

Пайдо кардани кор бо маоши муносиб дар Тоҷикистон мушкил аст ва солона то як миллион аҳолӣ барои ёфтани ризқу рӯзии худу хонавода ба Русия мераванд ё гуруҳе аз сокинон дар ширкатҳои сохтмонӣ, ки аксараш хусусӣ ҳастанд, ба ҳайси коргари кироя фаъолият мекунанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Даъвои ронандаҳои тоҷик бо намояндагони як ширкат дар Литва. ВИДЕОДодгоҳ сарнавишти "Камароб"-ро ҳал кардБороновро барои "ошӯб" аз кор ронданд. Ба додгоҳ шикоят кард. ВИДЕО