Субҳи 15 ноябр Иброҳим Азимови 7-сола мехост ба мактаб равад ва дар гузаргоҳе назди маркази тиҷоратии “Садбарг” қурбонии сабқати ду микроавтобусе шуд. Ба иттилои полис, субҳи он рӯз як микроавтобус ба чароғи раҳнамову аломати роҳ бархӯрд ва сутуни чароғак болои навраси интизор дар ҷои пиёдагард афтода ӯро маҷруҳ кард. Кӯдак чанде баъд дар беморхона ҷон дод.
Хабари фавти ин наврас дар пайи садамаи нақлиётӣ яке аз охирин хабарҳо дар сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст. Ҳамарӯза ин сомона аз чандин садамаҳои пурқурбонӣ дар Тоҷикистон маълумот медиҳад.
19 ноябр Рӯзи ҷаҳонии гиромидошти хотири қурбониёни ҳодисаҳо дар роҳ мебошад. Дар Тоҷикистон садамаҳои автомобилӣ ва ҳалокати пиёдагардону ронандаҳо бисёр рӯй медиҳад ва мақомоти полиси Тоҷикистон вуҷуди мушкилро эътироф мекунанд. Тобистони имсол вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеаш дар робита бо вазъи роҳҳо дар шашмоҳаи аввали соли 2023 гуфт:
“Новобаста аз андешидани чораҳои қатъӣ, дар ҷумҳурӣ қариб 500 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо 193 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расида, зиёда аз 500 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд”. Бино ба омори расмӣ, дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 13 нафар бештар дар роҳҳои Тоҷикистон ҷон додаанд.
Ҳарчанд ин омор дар муқоиса бо Қазоқистону Қирғизистон камтар аст, вале боз ҳам хеле ҷиддӣ боқӣ мемонад ва ҳар ҳодисаи нав дили мардумро реш мекунад.
Тамоюли афзоиши садамаҳои маргбор боис шуд, ки соли ҷорӣ раҳбарияти Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон иваз карда шуд. Раҳбарияти нави ин сохтор омода нашуд ба Радиои Озодӣ омори садамаҳо дар 10 моҳи соли ҷориро ошкор кунад.
Пурсиши сарироҳӣ
Вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ҳам пиёдагардону ҳам ронандаҳо яке аз мавзӯъҳои ҳамешагии мавриди нигаронӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Сокинон бо нигаронӣ аз вуқӯи садамаҳои пурталафот мегӯянд, ҷазо барои нақзи қонуни ҳаракат дар роҳ бояд сангинтар шавад. Аммо бархе дигар мушкилро дар фасод ва ронандаҳои бедонишу таҷриба мебинанд, ки сабаби бемасъулиятии онҳо дар роҳҳо мешавад.
Дар пурсиши сарироҳии Радиои Озодӣ дар бораи назарашон ба вазъи роҳҳо, як сокини Душанбе гуфт: “Ҳоло ҳама саросема... Намедонам, инҳо хондагӣ ё не, ҳозир ҳама чизро пул ҳал мекунад”.
“Дар вақташ мо шаш моҳ хондем, баъд ҳуҷҷати ронандагиро гирифтем, - гуфт як ҳамсӯҳбати сарироҳии Радиои Озодӣ. - Ҳоло се моҳ нарафта ҳуҷҷатро мегиранд. Духтуриву ронандагӣ ҳардуяш як аст, чун бо ҳаёти одамон кор мекунанд. Барои ҳамин аз роҳбарият хоҳиш мекунем, ки ба ҳуҷҷатҳои ронандагӣ зиёд диққат диҳанд, то садамаҳои нақлиётӣ кам шаванд”.
Дигаре мегӯяд: «Ҳозир аҳолӣ ҳам зиёд шуд, нақлиёт ҳам. Аз ин роҳ танбашавӣ ва садама бисёр шудааст. Бисёраш шаҳодатномаи ронандагиашонро нохонда мегиранд. Харида мегиранд. Пиёдагардҳо ҳам худашон қоидаи ҳаракати роҳро риоя намекунанд». Мусоҳиби дигар пиёдагардонро ҳам гунаҳгор кард, ки ба гуфтааш, «роҳро дар ҷои муайяншуда барои пиёдагардон намегузарад».
Чӣ бояд кард?
Ҷомеашинос Набӣ Юсупов, муассиси сомонаи таҳлилии Nuqta.tj , ки омори садамаҳоро назорат мекунад, мегӯяд, ҳаракат ва гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳо ба ҳадди ниҳоӣ хатарзо мешавад. Ӯ гуфт:
“Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба раҳбарияти БДА муроҷиат кунам, ки фурсати роҳандозии таблиғоти бисёр ҷиддии ҳаракати дуруст дар роҳҳо расидааст. Ҳам барои пиёдагардҳо ва ҳам барои ронандаҳо. Барои ин кор бояд ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам шабакаҳои телевизионӣ ва ҳам расонаҳои чопӣ истифода шаванд. Нахуст бояд мардумро омӯзиш диҳем, ки чӣ тавр бояд дар роҳҳо ҳаракат кунанд. Ҳам барои ронандаҳои тезгарде, ки ҳатто чароғаки гардишро рӯшан намекунанд ва ҳам барои пиёдагардҳо. Воқеан, замоне расидааст, ки истодани маъмури БДА ва ҷарима кардани ҳар як ронанда ё пиёдагард дигар наметавонад кофӣ бошад.”
Тибқи иттилои расмӣ, ҳамасола дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳудуди якуним ҳазор садамаи нақлиётӣ рух медиҳанд. Дар ин ҳодисаҳо тақрибан 450 нафар ҷон бохта, ҳудуди ду ҳазор нафар маҷруҳ мешаванд. Ин баландтарин омор миёни кишварҳои собиқ шуравӣ будааст.
Мақомот дар аксар маврид ронандаҳоро ба беэҳтиётӣ ва ноуҳдабароӣ гунаҳкор мекунанд. Аммо бархе аз ронандагон мушкили фаннӣ ё техникӣ ва роҳҳои душворгузарро далел меоранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дар се садама дар Суғд 6 кас ҳалок шудаастДар рӯзи милиса дар Тоҷикистон аз эътимод ва камбудиҳои полис гуфтанд. ВИДЕОКомёб Файзулло ба ҳабс маҳкум шуд. Падараш гуфт, “мошин аз ман буд” ВИДЕОРоҳҳои бе чароғаки Кулоб дарди сар сохтаандНекрӯз Ниёзовро дафн карданд, оё касе ҷавобгар хоҳад шуд? ВИДЕОМарги ду нафар дар садамае дар Восеъ"Тормоз" ё бори бисёр? Шарҳи вазир дар бораи ҳодисае, ки 11 касро кушт. ВИДЕО