Пеш аз ин бозӣ, рӯзи 15-уми ноябр дар меҳмонхонаи «Румӣ»-и шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Дар ин нишаст сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Петар Шегрт, мутахассиси 57-солаи хорватӣ гуфт, «тими миллии Урдун яке аз рақибони қавии мост. Фардо бозии вазнин мешавад. Урдуниҳо имкони хуб доранд. Аммо мо бо дастгирии мухлисонамон фардо талош хоҳем кард, ки натиҷаи мусбат ба даст биёрем. Бинобар ин, тамоми маҳорат ва саъю кӯшишамонро баҳри он сафарбар мекунем, ки пирӯз шавем.»
Дар ин нишаст капитан ё сарвони дастаи мунтахаби Тоҷикистон Аҳтам Назаров иброз дошт, ки тими миллии Урдун ба онҳо ошност. "Мо бо ин даста бозӣ кардаем ва ба бозии навбатӣ омодаем. Мекӯшем, ки мухлисонамонро хурсанд кунем", - гуфт ӯ.
Бояд гуфт, ки тимҳои миллии Тоҷикистону Урдун дар таърихи худ бо ҳам чаҳор бозӣ кардаанд. Дар се дидор урдуниҳо ва дар як бозӣ футболбозони тоҷик пирӯз шудаанд:
Дар ҳамин ҳол мунтахаби Урдун дар радабандии FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол) дар байни 207 кишвар дар ҷойгоҳи 82-юм ва Тоҷикистон дар зинаи 109-ум қарор доранд.
Мунтахаби Урдун, ки бо раҳбарии сармураббӣ Ҳусейн Амутаи 51-сола, мутахассиси марокашӣ, ба Тоҷикистон омадааст, шоми чоршанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ тамрин кард.
Ситораи асосии даста нимҳимоятгари 26-сола Мусо Сулаймон Ал-Тамарӣ аст, ки дар бошгоҳи фаронсавии «Монпеле» бозӣ мекунад. Дарвоқеъ, нархи ӯ 5 миллион евроро ташкил медиҳад, ҳол он ки нархи тамоми ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи маълумоти оҷонсии transfermarkt 4,13 млн евро мебошад.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби кишвар 24 бозигар даъват шудааст, ки нӯҳ нафарашон легионеранд: ҳимоятгарон - Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучехр Сафаров («Локомотив», Узбекистон); нимҳимоятгарон - Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия); ҳамлагарон - Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова).
Даҳ нафар аз дастаи «Истиқлол»-и Душанбе даъват шудаанд: дарвозабонҳо - Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов; ҳимоятгарон - Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов; нимҳимоятгарон - Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев, Алиҷони Айнӣ.
Инчунин якнафарӣ аз панҷ бошгоҳи футболи Тоҷикистон мебошанд: дарвозабон - Далерҷон Баротов («Истаравшан», Истаравшан); ҳимоятгар - Холмурод Назаров («Равшан», Кӯлоб); нимҳимоятгар - Вайсиддин Сафаров (КМВА, Душанбе); ҳамлагарон - Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот», Фархор).
Бозии аввали марҳилаи дувуми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи G миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Урдунро гурӯҳи доварон аз Ироқ ҳакамӣ мекунанд.
Сардовари бозӣ довари 46-солаи FIFA Алӣ Сабоҳ Аддай Ал-Қайсӣ таъйин шудааст. Саъд Ал-Фадҳлӣ аз Кувайт кори доваронро назорат мекунад. Юн Мун Чуен аз Ҳонгконг комиссари бозӣ мебошад.
Нархи билет ба минбари ғарбии варзишгоҳ 50 сомонӣ ва ба минбарҳои дигар 20 сомонӣ муқаррар шудааст. Инчунин нархи билети дараҷаи VIP 200 сомонӣ мебошад.
Мунтахаби Тоҷикистон, ки дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2026 ба гурӯҳи G шомил аст, рақибонаш ба ғайр аз Урдун, тимҳои миллии Арабистони Саудӣ ва Покистон мебошанд.
Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои якуму дувумро мегиранд, ба марҳилаи севуми мусобиқот роҳ меёбанд ва ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё мешаванд.
Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026. Мусобиқоти интихобӣ
Марҳилаи дувум. Гурӯҳи G
Даври 1-ум
16-уми ноябр (панҷшанбе)
Оғози бозӣ – соати 18:00
Тоҷикистон – Урдун
Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ.