Соли 2016 порлумони Тоҷикистон 16-уми ноябрро ҳамчун Рӯзи президент эълон кард. 16-уми ноябр зоҳиран барои он Рӯзи президент интихоб шуд, ки дар ҳамин рӯз бори аввал соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси президенти Тоҷикистон савганд ёд карда буд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон пурсиданд, ки агар имкони суҳбат бо Эмомалӣ Раҳмонро дошта бошанд, ба президент аз кадом мушкилашон мегӯянд?
- Ташаккур мекардам, ки орому осуда зиндагӣ дорем. Аз мушкилотҳо ҷойи кор камтар аст
- Илтимос ҳаминки ҷавонони мо бо ҷойи кор таъмин шаванд. Меваву сабзавот ҳаминхел содир накунему корхонаҳо сохта, маҳсулотҳоро ҳаминҷо коркард кунем. Боз чӣ қадар ҷавонони мо бо ҷойи кор таъмин мешаванд
- Ҷойи кор кам аст, мардум сарсону саргардон ба кишварҳои дигар мераванд
- Бисёр хуб мешуд, ки президент як бори дигар афв диҳад. Афве, ки ҳамаи ҳамаи зиндониёнро фаро гирад. Як гуруҳи маҳбусон озод ҳам нашаванд, ақалан ҳукмашон камтар мешавад
- Ман ҳамчун донишҷӯ мехостам, ки барои донишҷӯёни аълохон аз гуруҳҳои шартномавӣ ҳам идрорпулӣ (стипендия) дода шавад. Донишҷӯёне, ки дар риштаи буҷавӣ таҳсил мекунанд, ҳам маблағи шартнома намесупоранд ва ҳам идрорпулӣ мегиранд. Хуб мешуд, ки барои донишҷӯёни аълохон, ки дар бахши шартномавӣ мехонанд, ягон хел идрорпулӣ дода шавад.
- Дар донишгоҳ шароит фароҳам аст, аммо суръати интернет хело бад аст. Бо ин нархе, ки ҳаст, сифати интернет қаноаткунанда нест. Аммо фикр мекунам, ки ин ба президенти кишвар дахл надорад, ба Бег Сабур дахл дорад.
Хоҳиш дорам, ки автобусҳо дар дохили шаҳри Душанбе тезтар раванд, ҳозир оҳиста мераванд монда мешавӣ.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
БИНАНДАГОНИ АЗИЗ, ШУМО БА ПРЕЗИДЕНТ ЧӢ СУОЛ ДОРЕД?