Медали сеюмро Худоёр Раҷабзода, паҳлавони 26-солаи тоҷик, дар рӯзи охирини мусобиқот – 12-уми ноябр - дар риштаи самбои размӣ дар вазни то 71 кило ба даст овард. Вай дар байни 20 нафар иштироккунанда дар ин вазн аз 20 кишвар мақоми сеюмро касб кард
Ёдовар мешавем, қаблан Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи 33-солаи тоҷик, дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило ва Бобохон Мирзозода, паҳлавони 25-солаи тоҷик, дар намуди самбои размӣ дар вазни то 58 кило медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.
Ба ин тартиб, аз мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Ереван аз 11 варзишгари тоҷик се нафар бо медал бармегарданд.
Вале панҷ нафар - Хушқадам Хусравов (-64 кг), Мустафо Ҳасанов (-71 кг), Зафар Олимшоев (-88 кг), Деваштич Убайдӣ (-79 кг), Бахтовар Замиров (-98 кг) - дар риштаи самбои варзишӣ, инчунин се нафар - Сорбон Латифов (-64 кг), Сарвар Ҳотамбекзода (-88 кг) ва Исмат Саймуҳаммадзода (+98 кг) - дар намуди самбои размӣ бе медал монданд.
Натиҷаҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Ереван дар риштаи самбои варзишӣ миёни занон ва мардон, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон сурат гирифт.
Натиҷаҳои варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ереван чунин аст:
Қирғизистон – 5 медал (1 тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ);
Қазоқистон – 4 медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ);
Узбекистон - 4 медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ);
Тоҷикистон – 3 медали биринҷӣ;
Туркманистон – 1 медали биринҷӣ.
Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқот дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғайр аз медал, инчунин ҷоизаҳои молӣ супурда шуд: барои ҷойи аввал 4000 доллари ИМА, ҷойи дуюм – 3000 ва барои ҷойҳои сеюм 2000-долларӣ.
Мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Ереван дар маҷмааи варзишию консертии ба номи Карен Демирчяни Ереван бо иштироки варзишгарони зӯртарин аз 65 кишвари дунё доир гардид.
Тибқи қарори кумитаи иҷроияи Федератсияи байнулмилалии самбо (FIAS) дар ин мусобиқот варзишгарон аз Русия, Беларус, Фаронса ва дастаи паноҳандагон бо мақоми бетараф ширкат доштанд.
Конгресси 35-уми FIAS
Дар конгресси 35-уми FIAS, ки 10-уми ноябр дар маҷмааи варзишию консертии ба номи Карен Демирчяни Ереван доир гардид, вакилон аз 60 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Тоҷикистонро раиси Федератсияи самбои кишвар Давлатмурод Наҳтуллозода ва дабири кулли ин федератсия Маҳмуд Абдуллоев намояндагӣ карданд.
Президенти Федератсияи байнулмилалии самбо Василий Шестаков зимни суханронии худ гуфт, “конгресси FIAS дар арафаи ҷашни 85-солагии самбо баргузор шудааст. Чорабинии идона ба ин муносибат 16-уми ноябр дар Рӯзи самбо дар Маскав доир хоҳад шуд..”
Ба гуфтаи раҳбари Федератсияи байнулмилалии самбо мусобиқоти навбатии қаҳрамонии ҷаҳон соли 2024 дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Остона – барпо мегардад.
“Ҳамчунин соли оянда баргузории мусобиқот дар риштаи самбо аз рӯи барномаи Бозиҳои осиёӣ дар иншооти сарпӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Тайланд дар назар аст”, - иброз дошт Василий Шестаков.
Таърихи самбо дар Тоҷикистон
Бояд гуфт, ки самбо дар Тоҷикистон таърихи беш аз нимасра дорад. Дар ин муддат чаҳор нафар аз Тоҷикистон дар риштаи самбои варзишӣ ва ду нафар дар намуди самбои размӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шудаанд.
Соли 1975 дар Мински Беларус паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар риштаи самбои варзишӣ ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфта буд.
Баъди 42 сол, яъне соли 2017, Беҳрӯзи Хоҷазода дар шаҳри Сочии Русия ин унвонро соҳиб гашт. Баъдан соли 2018 дар Бухарести Руминия Хушқадам Хусравов ва соли 2021 дар Тошканди Узбекистон Акмалиддин Каримов қаҳрамони ҷаҳон гардиданд.
Дар риштаи самбои размӣ бошад, ду паҳлавони тоҷик – Сайриддин Икромов (-74 кг, соли 2007, Прагаи Ҷумҳурии Чех) ва Эраҷ Раҳимов (-52 кг, соли 2009, Салоникии Юнон) - медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овардаанд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон-2023 дар Ереван:
Самбои варзишӣ
Мардон
-58 кг
1. Хертек Саян (FIAS 1)
2. Чидрашвили Вахтанг (Гурҷистон)
3. Бурд Владислав (FIAS 1)
3. Каримов Ахмалиддин (Тоҷикистон)
-64 кг
1. Леонтев Владимир (FIAS 1)
2. Бараканов Белек (Қирғизистон)
3. Лкхагвасурен Симийя (Муғулистон)
3. Каракизидис Саввас (Юнон)
-71 кг
1. Гукев Рамед (FIAS 1)
2. Агаҷанян Арам (Арманистон)
3. Ерназаров Сорбон (Узбекистон)
3. Куатау Арнур (Қазоқистон)
-79 кг
1. Харков Иван (Булғористон)
2. Шатверян Борис (Aрманистон)
3. Сухопаров Егор (FIAS 1)
3. Болтаев Бегенҷ (Tуркманистон)
-88 кг
1. Асулбек Жавалбек (Қирғизистон)
2. Койшубоев Еламан (Қазоқистон)
3. Чалян Вагран (Арманистон)
3. Страза Тин (Хорватия)
-98 кг
1. Kоновалов Антон (FIAS 1)
2. Григорян Давид (Aрманистон)
3. Зекенов Алибек (Қазоқистон)
3. Лориашвили Давид (Гурҷистон)
+98 кг
1. Осипенко Артём (FIAS 1)
2. Натеа Илие (Руминия)
3. Токтогонов Бекболат (Қирғизистон)
3. Реско Викторс (Латвия)
Самбои размӣ
-58 кг
1. Ғамзаев Мухтор (FIAS 1)
2. Нуамкхуу Тогтокхбаяр (Муғулистон)
3. Мирзозода Бобохон (Тоҷикистон)
3. Саидаматов Лутфулло (Узбекистон)
-65 кг
1. Ҳабибуллоев Шайх-Мансур (FIAS 1)
2. Григорян Ваграм (Арманистон)
3. Бараканов Сайак (Қирғизистон)
3. Саъдуллоев Муҳаммадалӣ (Узбекистон)
-71 кг
1. Талдиев Рустам (FIAS 1)
2. Зупарик Стефан (Сербия)
3. Варданян Ваҷик (Aрманистон)
3. Раҷабзода Худоёр (Tоҷикистон)
-79 кг
1. Ҳайдаров Загид (FIAS 1)
2. Рӯзиев Фурқат (Узбекистон)
3. Перкович Лука (Словения)
3. Варданян Саргис (Арманистон)
-88 кг
1. Саидов Саид (FIAS 1)
2. Погосян Аветик (Aрманистон)
3. Mоукнаҷ Мустафо (Mарокаш)
3. Eркебой Уулу Бектен (Қирғизистон)
-98 кг
1. Нжомулу Сеиду (Камерун)
2. Ҷаводхонов Абдулҳалим (FIAS 1)
3. Волошинов Анатолий (Украина)
3. Аванемян Арман (Арманистон)
+98 кг
1. Кашурников Михаил (FIAS 1)
2. Ҷантоу Максвелл (Камерун)
3. Зиентаев Талгат (Қазоқистон)
3. Алишоҳӣ Делиан (Булғористон)