Ин варзишгари 25-солаи тоҷик дар рақобатҳои самбои размӣ дар вазни то 58 кило, ки 13 нафар аз 13 кишвар иштирок доштанд, мақоми севумро касб кард.
Ин дувумин медали Тоҷикистон дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Ереван ба шумор меравад.
Дар вазни то 58 кило Мухтор Ғамзаев (ФИАС-1), ки дар финал бар Тогтокхбаяр Нуамкхуу (Муғулистон) ғолиб омад, бо медали тилло сарфароз гашт.
Ёдовар мешавем, Акмалиддин Каримов, паҳлавони маъруфи 33-солаи тоҷик, 10-уми ноябр дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Ереван дар риштаи самбои варзишӣ дар вазни то 58 кило медали биринҷӣ гирифта буд.
Ба ин тартиб, дар ду рӯзи мусобиқот (10-11-уми ноябр) дар Ереван аз 11 варзишгари тоҷик 6 нафар рақобати худро ба анҷом расонданд.
Чаҳор нафар - Хушқадам Хусравов (-64 кг), Мустафо Ҳасанов (-71 кг), Зафар Олимшоев (-88 кг) – ҳарсе дар риштаи самбои варзишӣ, инчунин Сорбон Латифов (-64 кг) дар намуди самбои размӣ бе медал монданд.
Имрӯз, 12-уми ноябр, боз панҷ нафар аз Тоҷикистон вориди рақобат мешаванд: самбои варзишӣ - Деваштич Убайдӣ (-79 кг), Бахтовар Замиров (-98 кг), самбои размӣ - Худоёр Раҷабов (-71 кг), Сарвар Ҳотамбекзода (-88 кг), Исмат Саймуҳаммадзода (+98 кг).
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Ереван дар риштаи самбои варзишӣ миёни занон ва мардон, инчунин дар намуди самбои размӣ байни мардон сурат гирифтааст.
Ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқот дар рақобатҳои инфиродӣ ба ғайр аз медал, инчунин ҷоизаҳои молӣ муқаррар шудааст: барои ҷойи аввал 4000 доллари ИМА, ҷойи дувум – 3000 доллар ва барои ҷойҳои севум 2000-долларӣ.
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Ереван дар маҷмааи варзишию консертии ба номи Карен Демирчяни Ереван бо иштироки варзишгарони зӯртарин аз 65 кишвари дунё то рӯзи якшанбеи 12-уми ноябр идома хоҳад кард.
Тибқи қарори кумитаи иҷроияи Федератсияи байнулмилалии самбо (FIAS) дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Ереван варзишгарон аз Русия, Беларус, Фаронса ва дастаи паноҳандагон бо мақоми бетараф ширкат доранд.
Бояд гуфт, ки cоли 1975 дар Мински Беларус паҳлавони машҳури тоҷик Саидмуъмин Раҳимов дар риштаи самбои варзишӣ қаҳрамони ҷаҳон шуда буд.
Баъди 42 сол, яъне соли 2017, Беҳрӯзи Хоҷазода дар шаҳри Сочии Русия ин унвонро ба даст овард. Баъдан соли 2018 дар Бухарести Руминия Хушқадам Хусравов ва соли 2021 дар Тошканди Узбекистон Акмалиддин Каримов қаҳрамони ҷаҳон гардиданд.
Дар риштаи самбои размӣ бошад, ду паҳлавони тоҷик – Сайриддин Икромов (-74 кг, соли 2007, Прагаи Ҷумҳурии Чех) ва Эраҷ Раҳимов (-52 кг, соли 2009, Салоникии Юнон) - медали тиллои мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овардаанд.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2023 дар ду рӯзи мусобиқот (10-11-уми ноябр) дар Ереван:
Самбои варзишӣ
Мардон
-58 кг
1. Хертек Саян (ФИАС-1)
2. Чидрашвили Вахтанг (Гурҷистон)
3. Бурд Владислав (ФИАС-1)
3. Каримов Ахмалиддин (Тоҷикистон)
-64 кг
1. Леонтев Владимир (ФИАС-1)
2. Бараканов Белек (Қирғизистон)
3. Лкхагвасурен Симийя (Муғулистон)
3. Каракизидис Саввас (Юнон)
-71 кг
1. Гукев Рамед (ФИАС-1)
2. Агаҷанян Арам (Арманистон)
3. Ерназаров Сорбон (Узбекистон)
3. Куатау Арнур (Қазоқистон)
-88 кг
1. Асулбек Жавалбек (Қирғизистон)
2. Койшубоев Еламан (Қазоқистон)
3. Чалян Вагран (Арманистон)
3. Страза Тин (Хорватия)
+98 кг
1. Осипенко Артём (ФИАС-1)
2. Натеа Илие (Руминия)
3. Токтогонов Бекболат (Қирғизистон)
3. Реско Викторс (Латвия)
Самбои размӣ
-58 кг
1. Ғамзаев Мухтор (ФИАС-1)
2. Нуамкхуу Тогтокхбаяр (Муғулистон)
3. Мирзозода Бобохон (Тоҷикистон)
3. Саидаматов Лутфулло (Узбекистон)
-65 кг
1. Ҳабибуллоев Шайх-Мансур (ФИАС-1)
2. Григорян Ваграм (Арманистон)
3. Бараканов Сайак (Қирғизистон)
3. Саъдуллоев Муҳаммадалӣ (Узбекистон)
-79 кг
1. Ҳайдаров Загид (ФИАС-1)
2. Рӯзиев Фурқат (Узбекситон)
3. Перкович Лука (Словения)
3. Варданян Саргис (Арманистон)
-98 кг
1. Нжомулу Сеиду (Камерун)
2. Ҷаводхонов Абдулҳалим (ФИАС-1)
3. Волошинов Анатолий (Украина)
3. Аванемян Арман (Арманистон)