Зойиров: “Мақсад ин буд, ки иродаи халқ нашиканад”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раҳматилло Зойиров 26 майи 2021 аз мақоми раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон канор рафт. Ба гуфтаи бисёре аз шариконаш, ин истеъфои маҷбурӣ буд. Борҳо латукӯб шуд. Мақомот, зоҳиран, ҳамларавонро ҷустуҷӯ накарданд. Як сол пеш аз он дар мусоҳибае ба вазъу низоми Тоҷикистон рӯшанӣ андохта буд.