Пахтакорон дар Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон мегӯянд, бо ранҷу сарфи зиёде пахта кишт мекунанд, вале ҳосили онро бо нархе мехаранд, ки фоидаи зиёд намебинанд.
Ҳоло дар ин се кишвар деҳқонон охирин ҳосили киштаи худро меғундоранд. “Дард”-и пахтакорони се кишвар паст будани нархи пахта аст, ки бештар фоидае барояшон намеорад.
Ҳоло нархи як килограм пахта дар Узбекистон аз 6500 сӯм (0,53 сент) то 9500 сӯм (0,78 сент) аст. Деҳқонон мегӯянд, ин нарх хароҷоти онҳоро намепӯшонад.
"Агар ба камиаш 12 ҳазор сум мешуд, хуб мебуд,"-- гуфт, деҳқоне дар суҳбат бо мо.
Дар сафҳаи телеграмие, ки беш аз 20 ҳазор деҳқони узбек аъзои он аст, шикоятҳоро аз нархи пахта ва муносибати кластерҳо ё ҷомеаҳои коркарди пахтаро дидан мумкин аст.
“Ҳар саҳар бо умеде, ки дар бораи нархи хариди пахта ягон маълумоти расмӣ дода мешавад, ба шабакаи иҷтимоӣ медароем ва ҳавсалаамон пир мешавад, тамоми рӯз вақтамон нохуш буда, барои кашидани нақшаи корӣ ҳам ҳайрон мемонем,”—навиштааст як деҳқон.
Деҳқони дигаре чунин навиштааст: “Кластерҳои сохта аз кист? Албатта, охираш ба болонишинҳои калон рафта мерасанд. Пахтаро қимат харанд, боломақомони мо зарар мебинанд."
Ин андешаҳо 18-уми октябр соли равон дар сафҳаи озоди Телеграм навишта шудаанд.
Аммо нархи пунба на танҳо дар Узбекистон арзон аст, балки дар кишварҳои дигари минтақа низ ҳамин ҳол дида мешавад. Кишоварзони вилояти Суғди Тоҷикистон низ аз нархи пасти имсолаи пахта норозиянд.
Файзуллоҷон Назаров, пахтакори тоҷик аз вилояти Суғд мегӯяд, “ба ҳар гектар 12-14 ҳазор сомонӣ сарф кардам. Нархи пахта ҳоло ба 6,5 сомонӣ фаромад. Ин меҳнати деҳқонро намепӯшонад, деҳқон фоидае намебинад.”
Деҳқони қирғиз Зафар Отаҷонов гуфт, имсол нархи пахта дар Қирғизистон хеле арзон шудааст ва пахтаро бо 65 сум (0,73 сент) мехаранд, ки нархи хуб нест.
“Акнун ба гуфтаи бисёр одамон ҷанги давомдошта ба пахтакорӣ ҳам таъсири сахт расондааст. Сабаб он аст, ки дар бисёр минтақаҳои ҷаҳон хушксолӣ буд, пахта нағз набуд, вале ба ин нигоҳ накарда, талабот ба пахта кам аст. Хеле кам,"—гуфт ӯ.
Зафар бо хонаводааш дар ноҳияи Қарасуви вилояти Ӯш ба кишоварзӣ машғул аст. Ӯ гуфт: “Пештар навъи тухмии "Союз" ва "Узбекистон" кошта мешуд. Аз ҳар гектар ба зиёдаш 30 сентнерӣ ҳосил гирифта мешуд ё не, солҳои дигар 15—10 сентнерӣ гирифта мешуд. Ин чунин маъно дорад, ки аз ҳар гектар як тоннагӣ пахта ба даст омадааст, тамом. Пас аз соли 2010, тухмиҳоро аз Чин меовардагӣ шуданд. Ман ба он шавқ кардам. Мо кушиш кардем, ки маълумоти чиниро бо Google тарҷума карда, пахта корем. Соли аввал хуб буд. 50 сентнерӣ гирифтем. Дар ин ҷо як замини дигар доштем, ки 67 сентнерӣ дод. Ин ҳосили мислаш диданашуда аст. Дар аввал се баробар зиёд шуд. Соли гузашта жола зад. Солҳои пеш аз ин замин то 74 сентнерӣ ҳосил мегирифтем.”
Чор сол аст, ки дар соҳаи кишоварзии Узбекистон низоми кластерӣ (гурӯҳӣ) сохта шудааст. Бинобар мақолае, ки дар газетаи “Узбекистони нав” чоп шудааст, ба шарофати он “пахта зироати фоиданок шудааст, на маломатовар.” Дар мақола ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳоло меҳнати маҷбурӣ дар парвариш ва ғунучини пунба барҳам дода шудааст.
Аммо бино ба як пажӯҳиш, ки Озодлик, бахши узбекии Радиои Озодӣ, дар аввали октябр нашр кард, кори маҷбурӣ ба таърих табдил наёфтааст, чунон ки “Узбекистони нав” навиштааст. Радиои Озодлик навиштааст, ки “ҳамаи бандҳои шартномаҳои миёни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кластер басташаванда, танҳо ба фоидаи кластер, қариб 99 дар сад ба суди кластер навишта шудаанд.”
Деҳқонон мегӯянд, онҳоро маҷбур мекунанд, ки пахта коранд, вагарна аз дигар маҳсулот фоидаи бештар хоҳанд гирифт.
Як рӯзноманигори тоҷик, ки нахост номбар шавад, мегӯяд, дар Тоҷикистон маҷбур кардан ба пахтачинӣ "бо роҳҳои нарм" вуҷуд дорад. Вай гуфт, ки дар Тоҷикистон ӯҳдадории кишти пахта ба деҳқон бо чунин сиёсати сахтгирона ба мисли Узбекистон иҷро намешавад. Аммо ба деҳқонон “пешниҳод” мекунанд, ки дар 50 фоизи заминашон пахта кишт кунанд. Ба ростӣ, вожаи “пешниҳод”-ро мешавад ба осонӣ ба вожаи “талабот” табдил дод, мегӯяд рӯзноманигори хуҷандӣ. Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигор гуфт, ки давлат кишоварзонро ҳавасманд карда, ба онҳо тӯҳфаҳо медиҳад.
Абдуҳофиз Маҳмудов, деҳқон аз Тоҷикистон имсол замин кироя карда, пахта кишт, аммо аз беобӣ пахтааш нағз рушд накард.
“Ҳосили деҳқонӣ хуб набуд. Об намерасид. Барои ҳамин ҳам пахта хушк шуд. Он калон нашуд. Як қисми заминҳо холӣ хобидаанд. Баъд ба ҷои он ҷуворимакка коштем. Дар аввал иҷозат надоданд, вале баъди рушд наёфтани пахта мачбур шуданд, ки ба кишти ҷуворимакка ичозат диҳанд,”—гуфт ӯ.
Ба мисли Тоҷикистон имсол деҳқонони қирғиз низ аз нарасидани об ранҷ мебурданд. Умуман, пахтакорони ҳар се кишвар мушкилиҳои зиёд доштанд. Душвории умумӣ дар он аст, ки нархи ашёи хоми пахта аниқ нашудааст ва нархи ғайрирасмие, ки гуфта мешавад, хеле арзон аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дар Хатлон ҳосили пахта зиёд шудааст, аммо нархаш не Омори ношаффофи "тилои сафед". Аз пахтаи Тоҷикистон кӣ фоида мегирад?Малах деҳқонони Фархорро ба дод овардааст. ВИДЕО