Вокунишҳо ба як тарҳи вобаста ба муҳоҷирон дар Русия
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пешниҳоди як тарҳ дар бораи эҳтимоли манъи кори хориҷиён, аз ҷумла тоҷикон, дар бахши таксӣ ва мактабу бемористонҳо дар Русия басҳбарангез шудааст. Муаллифон аз Ҳизби "Русияи одил" дар оғози моҳи октябри имсол гуфтанд, ки бо қабули лоиҳа барои аҳолии Русия ҷойи кори бештаре пайдо хоҳад шуд. Баъзе аз муҳоҷирону коршиносон бовар доранд, ки тарҳ дар сурати пазируфта шудан бар зарари Русия хоҳад буд, чун мардуми бумӣ ба монанди муҳоҷирон бо маоши кам кори вазнин намекунанд.