Бо таваҷҷӯҳ ба чунин меъёрҳои қонун, 6-уми ноябр хабарнигорони Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе аз сокинон пурсиданд, ки оё воқеан барои шумо шароити зиндагии арзанда фароҳам оварда шудааст ва то куҷо қонун барои ҳама баробар аст?
Посухҳои сокинонро инҷо хондаву тамошо кунед:
- То ҳол шикоят надорем. Куҷое рафтаем корамон мувофиқи қонун ҳал шудааст. Барои ҳамин, ба фикрам қонун барои ҳама баробар аст.
- Қонун барои ҳама баробар нест. Масалан, нисбатаи камбағал рафтор дигар аст, барои афроди доро дигар хел. Ба ҳама якхел рафтор намекунанд. Шароити зиндагии на ҳама низ хубу шоиста аст.
- Касе ҳаракат мекунад, зиндагии беҳтар дорад. Худованд ҳам гуфтааст, ки "аз ту ҳаракат, аз ман баракат". Агар дар хона шинӣ, ҳич кас ғами туро намехурад.
- Қонун барои ҳама баробар нест. Мисол, мо дар як “маркази раводид” ҳуҷҷат супоридем, бо 210 ҳазор сомонӣ. Ба мо гуфтанд дар Канада ба ҷои кор таъмин мекунем. Инак 4 моҳ шуд нест он одам. Мо он нафарро дар амният додем, дар прокуратура ҳам додем, дар ҳама мақомотҳо додем. Парванда карданд, бурданд дидан, вале ҷинояткорро ҷавоб доданд, рафт. Агар қонун барои ҳама баробар мебуд, бояд ин хел намешуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Президенти Тоҷикистон: Истиқлолу озодии кишварҳои гуногуни дунё «осебпазир шудааст»Чаро як китоб сабаби боздошти соҳибкор ва адибу рӯшанфикри тоҷик шуд? ВИДЕООё аз дасти падар ба писар гузаштани ҳукумат дуруст аст? ВИДЕОЧаро тӯлонӣ дар қудрат мемонанд: Бо "хости мардум" ё хости худашон?Гапи Озод: Эмомалӣ Раҳмон диктатор аст ё не? ВИДЕО, САДО