Даъвати “қишрҳои осебпазир" ба артиши Русия. Чаро ин тасмим барои муҳоҷирон хабари бад аст? ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Дафтари намояндагии президенти Русия дар минтақаҳои марказии кишвар аз мақомоти маҳаллӣ хостааст, то “қишрҳои осебпазирро” ба артиши Русия даъват кунанд.

Хабарнигорони “Важные истории” нусхаи ин дастур ва феҳрасти гурӯҳи одамонеро дастрас кардаанд, ки мақомоти Русия мехоҳанд онҳоро ба ҷанг баранд. Ба ин феҳрист 22 гурӯҳи одамонро шомил кардаанд.

Аз ҷумла, маҳкумшудаҳо ба ҳабс, муҳоҷирон, қарздорон, муфлисшудаҳо, бекорон, хориҷиёне, ки дар интизори шаҳрвандии Русия ҳастанд ё хориҷиёни дорои шаҳрвандии Русия, онҳое, ки дар интизори қарори ихроҷ ҳастанд, афроде, ки тоза аз зиндон озод шудаанд ва афроде, ки даромади расмӣ надоранд ва аз соли 2022 андози давлатро пардохт накардаанд.

Чанд ҳомии ҳуқуқ мегӯяд, қарори мазкур барои муҳоҷирони тоҷик ҳам паёмади нохуб хоҳад дошт. Ба назари онҳо муҳоҷирони тоҷик аз ҳимояти каме бархӯрдоранд, бештар аз дигарон мавриди таъқиб қарор мегиранд ва шумораи онҳо дар боздоштгоҳҳои махсус зиёд аст.

Ҷузъиёти ин қарор ва паёмадҳои эҳтимолии он ба муҳоҷирон дар Русияро хабарнигори Радиои Озодӣ Мирзонабии Холиқзод шарҳ медиҳад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Русия мехоҳад аз ҳисоби муҳоҷирон, муфлисон, қарздорон ва бекорон артишашро такмил кунад

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Сокини Тошканд барои ҷанг ба зидди Украина зиндонӣ шудҶосусӣ барои Украина? Шарифҷон Тиллозода кист? ВИДЕОХушбахтро, ки дар ҷанги Украина кушта шуд, дар Конибодом дафн карданд. ВИДЕО54 ҳазор зиндонӣ куҷо шуд? Коҳиши рекордӣ дар зиндонҳои Русия