Президенти Тоҷикистон: Истиқлолу озодии кишварҳои гуногуни дунё «осебпазир шудааст»

Акс аз бойгонӣ

Президенти Тоҷикистон гуфт,  дар пасманзари таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ «истиқлолу озодӣ ва суботу оромии кишварҳои гуногуни дунё» осебпазир шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки ин нуктаро рӯзи 6-уми ноябр дар паёми табрикиаш ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ироа кард, сарқонуни Тоҷикистонро «таъминкунандаи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ҳифзи соҳибихтиёрии давлат ва ваҳдати миллӣ» номид.

Ӯ аз ҳеҷ кишвар ё нуқтаи доғе дар ҷаҳон ном набурд, вале эҳтимол меравад, ки ишораи ӯ ба ҷанг дар хоки Украина аст, ки онро Русия феврали соли 2022 бидуни баҳонае оғоз кард ва артишаш қаламравҳоеро ишғол намуд. Аксар ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҷангро маҳкум мекунанд.

Ҷанги идомаёбанда дар як ҷумҳурии шӯравии собиқи Украина, ки барои ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзиаш баланд шудааст, ба қавли таҳлилгарон, мавриди нигаронии ҷиддии бисёр кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон гардид, ҳарчанд мақомот дар ин кишвар ҳеҷ гоҳ ба таври ошкор ва мустақим назари интиқодии худро дар бораи он баён накардаанд.

Раҳмон дар паёми табрикиаш ба муносибати 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Тоҷикистон инчунин афзуд, ки ин кишвар «сиёсати сулҳҷӯёнаро пайгирӣ намуда, истиқлолу соҳибихтиёрии давлатҳои дигарро эҳтиром менамояд».

Конститутсия ё Қонуни асосии Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 қабул ва се дафъа тағйир дода шуд; ҳар дафъа созмонҳои байналмилалӣ раъйпурсии тағйири конситутсиониро “ношаффоф” номидаанд.

Бар асоси тағйироти барпошуда, Эмомалӣ Раҳмон ҳақи бемаҳдудият дар интихоботҳои президентӣ номзад шуданро пайдо карду фаъолияти ҳизби динӣ дар Тоҷикистон манъ гардид.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Панҷ чизи донистанӣ дар бораи Қонуни асосии Тоҷикистон. ВИДЕООё аз дасти падар ба писар гузаштани ҳукумат дуруст аст? ВИДЕО"Барои худ, оила ва қудрат". Чаро Тоҷикистону ҳамсояҳояш Конститутсияро зуд-зуд дигар мекунанд?