«Панҷшер», ки дар даври 24-уми мусобиқот дар меҳмонӣ дастаи «Душанбе»-ро бо ҳисоби бузурги 5:0 шикаст дод, бо касби 53 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот пешсафи ягона шуд ва новобаста аз натоиҷи бозиҳои даври охирин мақоми аввалро азони худ кард.
Дастаи « Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, ки дар бозии даври гузашта дар майдони худ тими «Гулистон»-и шаҳри Гулистонро бо ҳисоби 3:0 мағлуб сохт, бо 49 имтиёз дар зинаи дувум қарор дорад.
Ба ин тартиб, дастаҳои «Панҷшер» ва «Истаравшан», ки дар мусобиқоти имсолаи лигаи аввал мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро соҳиб шуданд, бар асоси дастури мусобиқот соли оянда дар лигаи олии футболи Тоҷикистон бозӣ хоҳанд кард.
Футболбозони «Панҷшер» бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тиллои мусобиқот сарфароз мешаванд. Ба дастаи «Истаравшан» медалҳои нуқра супурда хоҳад шуд.
Барои медалҳои биринҷӣ ду даста – «Ҳулбук»-и Восеъ ва «Барқчӣ»-и Ҳисор, ки дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот бо 44-имтиёзӣ мутаносибан зинаҳои севуму чаҳорумро касб кардаанд, талош доранд.
Дар даври охирини мусобиқот ҳарду даста бо ҳам рӯбарӯ мешаванд. Бозии ҳалкунанда рӯзи якшанбеи 12-уми ноябр дар майдони «Барқчӣ» барпо мегардад.
Дастаи «Гулистон»-и шаҳри Гулистон, ки ҳамаи бозиҳояшро бохт ва бидуни имтиёз зинаи охиринро гирифт, лигаи аввалро тарк мекунад.
Мусобиқоти имсолаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон, ки бо иштироки 12 даста сурат гирифтааст, 12-уми ноябр ба поён мерасад.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқоти лигаи аввал
Ҷ |
ДАСТАҲО |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) |
21 |
16 |
5 |
0 |
73-9 |
53 |
2 |
«Истаравшан» (Истаравшан) |
21 |
15 |
4 |
2 |
69-18 |
49 |
3 |
«Ҳулбук» (Восеъ) |
21 |
13 |
5 |
3 |
68-23 |
44 |
4 |
«Барқчӣ» (Ҳисор) |
21 |
13 |
5 |
3 |
61-20 |
44 |
5 |
«Моҳир» (Ёвон) |
21 |
11 |
3 |
7 |
63-30 |
36 |
6 |
«Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) |
21 |
9 |
3 |
9 |
62-30 |
30 |
7 |
«Шодмон» (Ҳисор) |
21 |
8 |
5 |
8 |
42-33 |
29 |
8 |
«Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) |
22 |
7 |
4 |
11 |
53-52 |
25 |
9 |
«Саройкамар» (Панҷ) |
21 |
6 |
3 |
12 |
29-38 |
21 |
10 |
«Ориён» (Исфара) |
21 |
4 |
4 |
13 |
25-70 |
16 |
11 |
«Душанбе» (Душанбе) |
21 |
3 |
3 |
15 |
35-94 |
12 |
12 |
«Гулистон» (Гулистон) |
22 |
0 |
0 |
22 |
10-173 |
0 |
Бозиҳои охирин:
12-уми ноябр (якшанбе)
“Панҷшер” – “Истаравшан”
“Ориён” – “Душанбе”
“Моҳир” – “Шодмон”
“Саройкамар” – “Парвоз”
“Барқчӣ” – “Ҳулбук”