Пурсиш аз мардум: Барои зимистон чӣ омодагӣ доред? ВИДЕО

Яке аз маконҳои фурӯши ангишт. Акс аз бойгонӣ

Тибқи пешбинии обуҳавошиносон, ин ҳафта ҳарорати ҳаво дар кишвар то 8-10 дараҷа паст мешавад ва ба дунболи он сардиҳо оғоз хоҳад шуд. Мардуми Тоҷикистон барои зимистони имсола чӣ омодагӣ доранд? Нархи сӯзишворӣ бахусус ангишт то куҷо барои аҳолӣ дастрас аст. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар Душанбе ва минтақаҳои кишварҳо ҳамин суолро аз мардум пурсиданд. Посухҳои сокинонро инҷо хонед ва тамошо кунед:

  • Барвақт ҳезум захира кардем. Рӯзона барқ нест, аммо шабона ҳаст.
  • Ангишт ва ҳезум ҳеч чиз надорем.
  • Оилаи мо ҳезум, боз себу хӯрока захира кардем. Се тонна ангишт гирифтем.
  • Мо дар деҳа зиндагӣ мекунем. Ангишт ва хӯрока захира кардем.
  • Дар зимистон агар барқ доимӣ бошад, азоб намекашӣ. Мо дар баландшёна зиндагӣ мекунем. Агар барқ хомӯш шавад, мо хунук мехурем. Барқ бошад, печи барқӣ мемонем. Нафақаи ман 350 сомонӣ, барқ дар зимистон 400 сомонӣ кор мекунад.
  • Оилаи мо дар деҳа ҳезум ва саргини чорво захира кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мардуми Тоҷикистон барои зимистон чӣ омодагӣ доранд?

КОРБАРОНИ АЗИЗ, ШУМО БАРОИ ЗИМИСТОН ЧӢ ОМОДАГӢ ДОРЕД? МЕТАВОНЕД НАЗАРАТОНРО ДАР ЗЕРИ БАРНОМА НАВИСЕД.