Туйи марде бо ду ҳамсараш дар Қирғизистон ҷанҷолбарангез шуд. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тӯйи марди қирғиз бо ду занаш баҳси бисёрзанагӣ дар ин кишварро доғ кард

Дар Қирғизистон баъди нашри як наворе дар шабкаҳои иҷтимоӣ мавзӯъи чандҳамсарӣ дигарбора доғ шуд. Бо вуҷуди он, ки бисёрзанӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ҷиноят шумурда мешавад, миёни мардони қирғиз доштани ду ва ё се зан падидаи маъмулӣ гаштааст.

Як наворе, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоии Қирғизистон ба чархиш даромад, аз “той” ё худ ҷашни солгард сабт шудааст. Дар он, марде 60 солагии худаш ва ҳамин тавр 60 -солагии зани якум ва дуюмашро ҷашн мегирад. Ӯ бо навбат ба ҳамсаронаш ширинӣ мехӯронад. Дар ин ҳангом барандаи туй Қубанич Барқалбасов ба меҳмонон чунин муроҷиат мекунад: “Ҳоло меҳмонони азиз, бо орзуи он ки ҳамин гуна хушбахтӣ ба мо низ насиб кунад ва ду ҳамсар дошта бошем, торти ҷашниро мечашем. Ин як шухӣ буд. Хулоса, бо умеди хушиҳо аз ин ширинӣ бичашед.”

Тавре маълум шуд, нахуст ин наворро худи барандаи ҷашнвора, Қубанич Барқалбасов, ки овозхонӣ ҳам мекунад, дар саҳифааш дар Тик-Ток нашр кардааст. Баъди он, ки навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои шадиди корбаронро дар мавриди қобили қабул будан ва ё набудани дузанагӣ дар Қирғизистон ба бор овард, Қубанич онро аз саҳифааш пок кард.

Як корбар бо номи Аида Ҷумашова навиштааст, ки ин “даҳшат ва ваҳшигарӣ аст ва ин нафар бояд тибқи қонун ҷазо гирад.”

Мирлан Дуйшинбаев, корбари дигаре навиштааст, ки “дар таърихи Қирғизистон ин аввалин марде аст, ки бо ду занаш туй додааст. Акнун дигарон низ сар мекунанд.”

Бархе аз ин мард тарафдорӣ кардаанд. Як зан дар посух ба ин навиштааст, ки “агар аз ӯҳдаи ҳардуяш барояд, пас чаро не? Зарараш ба кӣ мерасад?”

Қубанич Барқалбасов исрор меварзад, ки дар ин ҷашнвора ӯ танҳо кори худро анҷом медод ва ба ҳеҷ ваҷҳ бисёрзаниро таблиғ накардааст. Ӯ мегӯяд, намедонист, ки қонуни Қирғизистон бисёрзаниро манъ мекунад.

“Баъзе корбарон навиштаанд, ки ман бисёрзаниро тарғиб мекунам. Ин ҳақиқат надорад! Ман худам муқобили бисёрзанӣ ҳастам ва касеро ба гирифтани зани дуюму сеюм ташвиқ накардаам. Фақат шӯхӣ кардам, то маъракаро шод кунам. Дар мавриди он марде, ки ду зан дорад, чизе гуфта наметавонам. Аммо бояд инро ба инобат гирифт, ки онҳо солҳои зиёд, беш аз 20 сол якҷоя зиндагӣ мекунанд. Ва ба ман гуфт, ки бо сабаби беморӣ, зани аввалаш розӣ шудааст, зани дуюм гирад. Ба гуфтаи ӯ, зани аввал на танҳо иҷозат додааст, балки худаш ба ӯ зани нав оварда, ба шавҳараш дуо додаву онҳоро хонадор намудааст,”—гуфт Қубанич Барқалбасов.

Бубусара Ризқулова, раиси маркази бӯҳронии занони “Сезим” мегӯяд, ба ӯ бештар вақт занони дуюм ва ҳатто сеюм муроҷиат карда, барои гирифтани алимент аз шавҳарашон кумак мепурсанд. Аммо ин кор тақрибан ғайриимкон аст, зеро чунин издивоҷҳо расман сабт нашудаанд. Бо назардошти ин, ҳомии ҳуқуқ аз додситонӣ даъват мекунад, ки фавран зидди бисёрзанӣ чора андешад.

Бубусара Ризқулова гуфт: "Ман ба мақомоти назоратӣ муроҷиат мекунам. Бояд вокуниш бошад! Ё ин ки ба таври ошкор эълон намоянд, ки мо ҷумҳурии исломӣ ҳастем, хомӯш бошед. Ҳолати мазкур риоя накардани қонун аст! Пас қонунҳо чӣ лозиманд?”

Бар асоси Кодекси ҷиноии Қирғизистон, барои дузанагӣ ё бисёрҳамсарӣ ҳамчун ҷазо корҳои ислоҳӣ ё ҷарима пешбинӣ шудааст ва муҳим нест, ки издивоҷи дуюм расман сабт шудааст ё не. Оиладорӣ бо ду ва зиёда зан ҷиноят ҳисобида мешавад.

Сарфи назар аз чунин ҷазоҳо аксари мардон дар Қирғизистон аз чанд ҳамсарӣ намеҳаросанд. Тайи солҳои гузашта бархе аз сиёсатмадорон, вакилон, диншиносон ва ҳатто раисиҷумҳури пешин ҳам ошкоро эътироф кардаанд, ки чанд зан доранд ва барои ин ҳеҷ ҷазо надиданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Як мардро бо гумони қатли зани дуюмаш боздошт кардаанд Сарнавишти талхи занони дувум. "Қонун ҳаст, вале монеъ намешавад""Мушкили иҷтимоиву иқтисодиро ҳал мекунад." Дар Қирғизистон баҳси чандҳамсарӣ бархостҒайриқонунист, вале чаро сафи "занҳои дувум" дар Тоҷикистон кам намешавад? ВИДЕОПадар ҳаст, насаб нест. Мушкили фарзандони "зани дувум" дар Тоҷикистон. ВИДЕОЧаро мардон дар Осиёи Марказӣ ҳамсари дувум мехоҳанд?Подполковники милиса ба дузанагӣ муттаҳам шуд. ВИДЕО