Навори эътирози Шаҳбози Шарифбек рӯзи 15-уми октябри имсол ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Корбарон аз мақомот хостанд ба воқеа расидагӣ шавад ва сабабгорони бадрафтторӣ бо пиразан ҷазо гиранд.
"Моддаи 307"
Як манбаи наздик ба сохторҳои интизомии шаҳри Ваҳдат бо шарти зикр нашудани номаш 1-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Шаҳбози Шарифбек дар робита бо он видео рӯзи 16-уми октябр боздошт шуд.
Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, 26-уми октябр алайҳи Шаҳбози Шарифбек ба иттиҳоми “даъвати оммавӣ барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ (ифротгароӣ) аз тариқи интернет” парванда кушодаанд.
Қисми ду, иловаи яки моддаи 307-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом аз панҷ то даҳ сол зиндонро пешбинӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки гуфт манбаи наздик ба идораҳои интизомӣ, “дар аввал ӯ барои итоат накардан ба амри корманди давлатӣ боздошт шуда буд”.
Як манбаи дигар дар мақомоти интизомии шаҳри Ваҳдат гуфт, Шаҳбози Шарифбек 26-уми октябр бо қарори додгоҳ барои ду моҳ ба ҳабс гирифта шудааст.
Вокуниши наздикони Шаҳбози Шарифбек, сокини 23-солаи деҳаи Одилии шаҳри Ваҳдат ба ин иттиҳом феълан маълум нест.
"Ӯ асабӣ шуд, гуноҳ надорад"
Хабарнигори Радиои Озодӣ рӯзи 31-уми октябр ба манзили ин хонавода рафт. Сафаргул Ғафурова, бибии Шаҳбози Шарифбек ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, ҳар рӯз барои наберааш ба боздоштгоҳи ШКД-и шаҳри Ваҳдат хӯрок мебаранд, аммо то ҳол ӯро надидаанд. Ин зани 82-сола гуфт, наберааш гуноҳ надорад ва танҳо баъди зӯран ба артиш бурдани бародараш ва латукӯби ӯ асабӣ шуд.
Навори 12-дақиқаӣ, ки дар он Шаҳбози Шарифбек ба рафтори кормандони идораи ҷамоати Симиганҷи шаҳри Ваҳдат эътироз мекард, 15-уми октябр пахш шуд. Ин навор то ин дам беш аз як миллион бор дида шуда, вокуниши зиёд ба бор овард.
Ин сокини Ваҳдат дар баробари танқиди мақомоти шаҳри Ваҳдат аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳам гила кард, ки қонуншиканиҳоро дар кишвар намебинад.
Ҳамсуҳбати мо дар мақомоти шаҳри Ваҳдат гуфт, “Шаҳбози Шарифбек дар бозпурсиҳои нахустин аз суханҳояш пушаймонӣ кард ва гуфт, эҳсосӣ буд.” Радиои Озодӣ мустақилона наметавонад инро тасдиқ кунад ва маълум нест ин суханҳо таҳти чӣ шароите гуфта шудаанд.
"Ятими кул"
Парвандаи ҷавонро Додситонии шаҳри Ваҳдат ҳамроҳи идораи пулиси шаҳр таҳқиқ доранд. Маълум нест, ки Шаҳбози Шарифбек вакили дифоъ дорад ё не. Мақомоти давлатӣ на ин масъалаҳо ва на боздошт шудани ӯро расман шарҳ надодаанд.
Хонаводаи Шаҳбози Шарифбек дар деҳаи Одилии шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунанд ва ба гуфтаи худашон зиндагии вазнине доранд. Сафаргул Ғафурова, бибии Шаҳбози Шарифбек ба Радиои Озодӣ гуфт, Шаҳбоз ва бародараш, ки ӯро ба артиш бурданд, “ятими кул ҳастанд”.
“Падарашон онҳоро барвақт партофта буд, модараш ҳам дар кӯдакии онҳо фавтид. Шаҳбоз ва бародарашро ман калон кардам,” – мегӯяд Сафаргул Ғафурова.
Солҳои охир шахсони зиёде барои танқиди ҳукумат ё раисиҷумҳур дар Тоҷикистон ба истилоҳ “хоин” унвон мегиранд ва боздошту зиндонӣ мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, сол то сол танқидпазирии мақомот камтар ва муҷозоти мунтақидон сахттар шудааст.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад