Армита Гаровандро таҳти тадобири шадиди амниятӣ ба хок супурданд

Armita Garawand Burial

Армита Гарованди 17- соларо, ки зимни бархурд бо пулиси ахлоқи Эрон аз ҳуш рафта буд, дар оромгоҳи Биҳишти Зӯҳрои Теҳрон ба хок супурданд.

Маросими дафни ӯ таҳти тадобири шадиди амниятӣ ва бо ҳузури мақомоти қудративу мардуми зиёд баргузор шудааст. Баъзе расонаҳои эронӣ аз боздошти чанд нафар, аз ҷумла ду тан аз наздикони Гарованд дар ин маросим хабар додаанд.

Расонаҳои наздик ба ҳукумати Эрон рӯзи 28-уми октябар пас аз як моҳи беҳушӣ аз марги Армита Гарованд, сокини Теҳрон хабар доданд.

Гарованд ба далели ҳиҷоби нодуруст дар метро бо пулиси ахлоқ рӯ ба рӯ шуда, аз ҳуш рафт. Навори дурбинҳои назоратӣ нишон медиҳанд, ки ӯ ҳиҷоби ҳатмии мавриди назари ҳукуматро ба сар надошт.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳодиса рӯзи якуми октябр рух дод. Гараванд ҳамроҳ бо ду дугонааш мехостанд вориди метро шаванд. Ба нақли яке аз онҳо, “пулиси ахлоқ ба Армита ҳамлаи ҷисмонӣ кард ва дар натиҷа ӯ дар дохили метро аз ҳуш рафта, ба замин афтоду аз сараш зарб хурд”

Мақомоти Эрон талош карданд, ба тамоси хабарнигорон бо наздикони Армита монеа эҷод кунанд. То рӯзи 28-уми октябр чораҳои амниятӣ ва назорат хонаводаи ӯ идома дошт. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ҳукуматдорон бо ин роҳ мехостанд аз оғози эътирозҳо ҷилавгирӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаи наздик ба хонаводаи Насрин Сутуда, ҳуқуқшинос ва ҳомии ҳуқуқи башар ба Радиои Фардо дар бораи ҳамла ва боздошти ӯ дар маросими дафни Армита Гарованд хабар дод.

Дар бархе аз аксҳое, ки аз маросими дафни Армита Гарованд нашр шудаанд, хонум Сутуда бидуни ҳиҷоби ҳатмӣ дида мешавад.

Рӯзи якшанбе Насрин Сутуда дар Фейсбук, марги Армита Гаровандро "қатли ҳукуматӣ" номида буд. Хонум Сутуда бо ишора ба марги Меҳсо Аминӣ ва Армита хостори ҳифзи ҷавонон шуд.

Марги Армита Гарованд, дар ҳоле расонаӣ шуд, ки тақрибан як сол қабл дар моҳи сентябр духтари дигари Эронӣ, Маҳсо Аминӣ ба гумони бадҳиҷобӣ аз сӯи пулиси ахлоқ боздошт шуд ва дар бемористон фавтид. Марги ӯ боис ба эътирозҳои густарда дар Эрон гардид.