Қаҳрамони 30-солаи барномаи мо ҳоло дар Краснодари Русия бо либоси озода ва видеокамера дар китф рӯзи таърихиву хотирмони ҷуфтҳоро рӯи навор меорад. То се сол пеш мисли даҳҳо ҳазор зодаи Тоҷикистон ризқи худро дар сохтмонҳо ва корхонаву коргоҳҳои зиёди Русия меҷуст.
“Ба ҳар бародари ғариби худ машварат медиҳам, ки дар назди худ мақсад монед ва аз пайи иҷрояш шавед. То кай бояд кори сиёҳ кунем, дар сохтмонҳо бошем ва дар сардӣ заҳмат кашем? Риск кунем ва барои худ кори дурусту шоиста ёбем,” – нақл кард ӯ.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, чанд сол боз шаҳрвандии Русияро дорад, аммо дар фикри бозгашт ба зодгоҳаш аст. Мехоҳад дар онҷо тиҷоратеро ба роҳ монад.
“Шаҳрванди Русия будан бахше аз коратро осон мекунад. Ҳар моҳ сабтином намекунӣ ва ҳафт ҳазор пули патент намедиҳӣ. Онро ба Тоҷикистон мефиристӣ, ба фоидаи оилаат. Аммо, ростӣ, аз вазъияти ҳозира ҳама метарсад. Ҳатто мардуми бумӣ. Мехоҳем, барвақттар ба Тоҷикистон баргардем,” – нақл кард ӯ.
Қиссаи ин муҳоҷири тоҷик ва назарашро ба мавзуъҳои гуногун дар барнома бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Рӯзгори муҳоҷир” дар Ютюб: