Паҳлавонони тоҷик дар Саудӣ се медал гирифтанд

Паҳлавонони тоҷик дар Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ («World Combat Games 2023»), ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, дар мусобиқоти куреси қазоқӣ се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд

Паҳлавонони тоҷик дар Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ («World Combat Games 2023»), ки дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ ҷараён дорад, дар мусобиқоти куреси қазоқӣ се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа се варзишгар - Боқӣ Валимуҳаммад, Наврӯзи Каримзод ва Ҳамроз Раҷабов - намояндагӣ карда, ҳарсе ба гирифтани медал мушарраф гаштанд.

Ҳамроз Раҷабов дар вазни то 85 кило барои ҷойи дувум бо медали нуқра сарфароз гашт. Боқӣ Валимуҳаммад дар вазни то 65 кило ва Наврӯзи Каримзод дар вазни то 75 кило ҷойи севумро касб карда, бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд

Дар мусобиқаи мазкур гуштигирони қазоқ маҳорати баланд нишон дода, бо касби се нишони тилло, як нуқра ва як медали биринҷӣ дар ҳисоби дастаӣ ғолиб омаданд.

Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ, ки дар Риёзи Арабистони Саудӣ 20-уми октябр шуруъ шуданд, то рӯзи 30-юми октябр идома хоҳанд кард.

Ба барномаи бозиҳо 16 риштаи варзиш шомил аст: намудҳои олимпӣ - ҷудо, таэквондо, куштӣ, шамшерзанӣ ва бокс, ҳамчунин намудҳои ғайриолимпӣ -.айкидо, армрестлинг (дастхобонӣ), ҷиу-ҷитсу, карате, кендо, кикбоксинг, бокси тайландӣ, самбо, сават (бокси фаронсавӣ), сумо ва ушу.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳамин ҳол дар ҳисоби медалҳо дар байни 80 кишвари иштироккунандаи бозиҳо дар мақоми 51-ум қарор дорад.

Зимнан, аввалин Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ соли 2010 дар Чин, бозиҳои дувум соли 2013 дар Русия доир гардида буданд.

Баъдан муддати 10 сол ин бозиҳо бинобар ихтилофи Анҷумани ҷаҳонии федератсияҳои байналмилалии варзишӣ бо Кумитаи байналмилалии олимпӣ баргузор нашуданд.

Пас аз гуфтушунидҳои тӯлонӣ, ниҳоят, Бозиҳоро Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътироф кард ва севумин давраи бозиҳо дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ доир шудааст.