Ишқи сарбоз ӯро ба Тоҷикистон овард. Рӯзгори Раиса Соловева. ВИДЕО

Раиса Солоева, зани рӯсе, ки бо духти куртаҳои тоҷикӣ маъруф аст.

Ҳунари як зани чирадасти русро, ки дар ҷануби Тоҷикистон бо гулдӯзиву сӯзаниҳои зебо ва духти либосҳои миллӣ маъруф аст, қадр карданд.

Баъди муаррифии маҳсули дастонаш ӯ соҳиби 10 ҳазор сомонӣ грант ё ёрии беобзгашт шуд, то корашро рушд диҳаду барои духтарони дигар касб омӯзад.

Ӯ Раиса Соловёваи 65-сола аст сокини ноҳияи Қубодиёни Тоҷикистон аст.

Ҳанӯз дар ҳабдаҳ солагӣ ба як сарбози тоҷик дар Қазоқистон писанд омаду пешниҳоди оиладориро пазируфт. Соли 1977 аз Қазоқистон ба Тоҷикистон кӯч бастанд ва бо ҳамин ин ҷо монд. Раиса Соловева гуфт: “Ишқу муҳаббат буд. Ҳаминҷо мондам, соҳиби шаш фарзанд ҳастам. Келину домод дорам, набера дорам, соҳиби чабера мешавам.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Раиса Соловёва чевари шинохтаи Қубодиён шудааст

Мегӯяд, аз лаҳзаҳои аввал ба ҳунарҳои тоҷикӣ дил басту аз пайи иҷрояшон шуд. Дар аввал бисёриҳо ба комёбии ӯ шубҳа доштанд. “Бовар намекарданд. Мегуфтанд, вай рус аст ва дурӯғ аст, ки ҳамин хел чизҳоро медӯзад. Дар як маърака набудам, ҳамин гапро такрор кардаанд. Зане, ки барои духтараш сӯзанӣ омода карда будам, гуфтааст, ӯ метавонад, либосҳои духтари маро дӯхт.” --- ба ёд овард аз солҳои аввали фаъолияташ Соловева.

Ҳоло сӯзанӣ ва гулдӯзиҳояш талабгори зиёд доранд. Бар сари ҳар як куртаву гулдӯзӣ ӯ чанд рӯз заҳмат мекашад. Барои баъзе корҳояш Раиса як моҳ сарф мекунад.

Аз фурӯши онҳо даромади хуб мегирад ва бори зиндагиро каме сабук мегардонад. “Даромад аз ҳисоби гулдӯзӣ, болишт ва кӯрпача аст. Шавҳарам таксӣ меронад, доим дар роҳ аст.”—илова кард, вай.

Ҳоло натанҳо кор мекунад, балки масъули омӯзондани онҳо ба ҷавонон аст. Серкор аст, вале кӯшиш мекунад либосу гулдӯзиҳои муштариёнро дар вақташ омода карда, супорад.

Дар лаҳзаҳои танҳоӣ ба ёди наздиконаш меуфтад, ки фарсахҳо дур, дар Қазоқистон ва Русия, зиндагӣ мекунанд. Аммо ҳамон тавре, ки мегӯяд, ба Тоҷикистон ва ҳунарҳои тоҷикӣ муҳаббат дорад, аз ҳарду дил канда наметавонад.