"Салом, хоҳар": Лабҳои барҷаставу чашмони рӯбоҳӣ мехоҳед? ВИДЕО

Барномаи Салом, хоҳар

Оё боре шудааст, ки Шумо дар рӯ ба рӯйи ойина аз чизе дар сару сурати худ эҳсоси ноқаноатмандӣ кардаед ё, масалан, хостед чизеро дар рӯй ё ҷисматон тағйир диҳед? 

Ҳоло суол ба онҳое, ки аллакай ин корро кардаанд - қолаби лаб ё чашму абрӯро тағйир дода ё дар ду бари гунаҳояшон сурохӣ кардаанд. Эҳсосатон чӣ хел аст? Тасмими дуруст буд? Бархе мегӯянд, чизеро, ки Худо додааст, набояд дигар кард ё ҳусни табии зеботар аст.

Ҳарчи гӯем ё нагӯем, ин дигар бахше аз зиндагии одамон шудааст, онро ҳар рӯз мебинем, ҳар рӯз амалҳое анҷом мешаанд, вале набояд дар ин роҳ фиреб хӯрд ва бояд дониста, фаҳмида ва санҷида амал кард.

Зимнан, мавзӯи зебоӣ ва тағйири рӯю ҷисм на танҳо барои духтарону занон ҷолиб аст, балки мавзӯи сербаҳс миёни мардон ҳам ҳаст. Онҳо метавонанд соатҳо ин кори занонро баҳсу танқид ва ба он шадидан мухолифат кунанд, аммо барои духтароне, ки лаби нисбатан ғафс ва чашми калону ё ба истилоҳ рубоҳӣ ва тағйири қолаби рӯй ё пустро як ҷузъи зебоӣ медонанд, ин зоҳиран чандон муҳим нест ва сафи онҳое ҳам, ки бо кӯмаки мутахассисон ё ҷарроҳон ин амалҳоро мекунанд, зиёд аст.

Бисёриҳо мепурсанд, ки чаро? Чаро духтарон ҳунари табиии сураташонро ислоҳ кардан мехоҳанд. Ба хотире, ки тренд асту ҳама мекунанд ё ҳадаф танҳо зебо шудану ба шавҳару дӯстдоштаҳои худ писанд омадан аст?

Зебоигароӣ ё афзоиши таваҷҷӯҳ барои тағйири чеҳра бо истифода аз роҳҳои мухталиф ҳам ҷарроҳӣ ва ҳам амалҳои дигар бозори ба истилоҳ косметологҳоро дар Душанбе гарм кардааст.

На ҳамеша ин корро муттахассисон ё ҷарроҳони касбӣ анҷом медиҳанд. Ба бовари бархе аз бонувон, маҳз ба хотири харҷи маблағи камтар ё бо нархи арзонтар зебо шудан ба онҳое ҳам муроҷиат мекунанд, ки аз тибб дуранд, аммо ин корҳоро ба уҳда мегиранд ва сиҳҳатии мизоҷонро зери хатар мегузоранд.

Барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо ва ҳифзи сиҳҳатии худ Ҳилола Сино, пизишки клиникаи зебоии “Промо Италия” дар Душанбе ба бонувоне, ки тасмим доранд дар чеҳраву ҷисми худ ягон тағйирот ворид кунанд, чанд машварат медиҳад. Ба таъкиди ӯ, аввал бояд кас ҳатман бо муттахассисони тибб машварат кунад ва мутобиқати амали дилхоҳаш ба пӯсту рӯяшро дақиқ созад.

Ҳилола Сино дар бораи ин ҳама дар як сӯҳбат бо барномаи “Салом, хоҳар”-и Радиои Озодӣ посух дод:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Салом, хоҳар. "Барои зебо будан инҷо омадам"

Ҳилола Сино: Ин мавзӯъ бисёр муҳим ва ихтилофоти бешуморе дорад. Рӯзона чандин нафаре ба мо муроҷиат мекунанд: бо сабабе, ки он чизе, ки мехостанд, нагирифтанд ва дучори мушкилоти ҷиддитар шуданд. Тавсияи ман ба ҳайси як муттахассиси пӯст ё дерматокосметолог ин аст, ки лутфан, бениҳоят ба муттахассиси пӯстатон таваҷҷӯҳ кунед ва беҳтар ин аст, ки шумо пули бештар супореду натиҷаи хуб ба даст оред, аз ин, ки дучори як оризаи баде дар сурату зебоиатон шавед.

Радиои Озодӣ: Аслан ба киҳо машварат дода мешавад тағйир дар чеҳраву тан? Яъне, ҳар касе, ки хост метавонад, ҳар ҷои дилхоҳе худро ба ҳар шакле, ки хост тағйир диҳад?

Ҳилола Сино: Замоне, ки як фард муроҷиат мекунад ба муттахассиси зебоӣ, ӯ намедонад, ки кадом протседура барои ӯ беҳтар аст. Онҳо фақат мехоҳанд зеботар шаванд, ин масъала комилан ба нафаре вобаста аст, ки бо номи мутахассиси зебоӣ кор мекунад. Масалан, шумо як амали зебоиро анҷом додед ва мехоҳед, ки як амали дигар кунед. Оё ман, ки чун мутахассис кор мекунам, аз назари зебоӣ лозим мебинам, ки барои шумо ин корро анҷом бидиҳам? Барои ҳамин бояд муттахассисин одилонатар кор кунанд, то мизоҷонашон ҳама дар як зоҳир натобанд. Масъалаи молӣ хеле муҳим аст. Магар ин ки як духтури бовиҷдону бедоре кор кунад ва ба муштариён машварати олӣ диҳад.

Радиои Озодӣ: Касе, ки мехоҳад лаб ё, масалан, чашму ягон чизе дар чеҳра ё ҷисмаш тағйир диҳад, бояд чӣ кор кунад аввал?

Ҳилола Сино: Масъалаи муҳиме, ки дар шароити кишварҳои ҷаҳони сеюм бисёр матраҳ аст, ин ҳамоҳанг кардани мизоҷон байни дерматолог ва духтури ҷарроҳи пластикӣ аст. Хушбахтона, мо ин имконро дар марказамон дорем. Вақте мизоҷон муроҷиат мекунанд, мо машварати байни бахши ҷарроҳи зебоӣ ва косметологро дорем. Ҷарроҳи зебоимон аз дидгоҳи худ мебинанд, ки барои ин мизоҷ кадом интихоб олитар аст, баъд дар машварат бо мо натиҷаи ниҳоиро мегирем ва беҳтарин амал ё ҷарроҳиро иҷро мекунем, ки натиҷааш бисёр қаноатбахш аст ва мизоҷ бо лабханди олӣ бо мо худоҳофизӣ мекунад.

Умедворем, машваратҳои ин мутахассис бароятон фоидаовар хоҳад буд ва ба кор меояд. Мо фақат ин гуфтаи мутахассисонро такрор мекунем, ки бале, зебо будан набояд фаромӯш шавад, аммо ин зебоӣ набояд ба қимати аз даст додани сиҳатӣ ба даст ояд.

Барои Шумо зебоии зоҳиру ботин ва сиҳатиро орзу дорем. Зимнан, фаромӯш накунед ба барномаи «Салом, хоҳар» пешниҳоду назари худро нависед.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Салом, хоҳар. "Зан хидматгор нест". ВИДЕО  Салом, хоҳар. Кӯдакамро намедиҳанд, чӣ кор кунам? ВИДЕОСарнавишти талхи Ситора дар нахустин барномаи "Салом, хоҳар" ВИДЕО"Салом хоҳар"-барномаи нави Радиои Озодӣ