Баъди 12 соли зиндагӣ дар Тоҷикистон, додгоҳ шаҳрвандии Шоҳидаморо бекор кард
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Додгоҳи ноҳияи Масчоҳ шаҳрвандии як зани узбектаборро бекор ва ӯро ҷарима кардааст. Шоҳидамо Аҳмадова баъди оиладор шуданаш бо зодаи Тоҷикистон, соҳиби шиноснома гардид. Баъди 12 соли оиладорӣ мақомоти маҳаллӣ ба ӯ гуфтаанд, ҳуҷҷатҳояш қалбакӣ аст. Хонаводаи зан ҳукмро ноодилона мехонанд.