Корвони ёриҳои башарӣ аз Миср вориди Ғазза мешавад. ВИДЕО

Гузаргоҳи Рафаҳ, як нуқтаи сарҳадии Ғазза бо Миср. 21 октябри соли 2023

Ба иттилои манобеи мухталиф, рӯзи 21 октябр аз гузаргоҳҳои марзии Миср корвони мошинҳо бо кӯмаки башарӣ вориди Ғазза шуданд. Ба иттилои як манбаи амниятӣ ва ҳам мақоме дар Салиби сурхи Миср, ки бо Франс Пресс ҳамсӯҳбат шудаанд, мошинҳои борбар бо ёриҳои башардӯстона ба минтақаи ҷангзада ворид шуданд.

Дар наворҳои телевизиони Миср дида мешавад, ки дар рӯзи 15-уми ҷанги миёни Ҳамосу Исроил кӯмакҳо аз гузаргоҳи сарҳадии Мисру Ғазза ба дохили шаҳри ҷангзада ҳаракат мекунанд. Ғазза, ки аз ҷониби гурӯҳи ҷангии Ҳамос идора мешавад, 2,4 миллион аҳолӣ дорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷанг дар Ғазза идома дорад, вазъ бадтар мешавад