Гузоришгари СММ дар умури ақаллиятҳо: "Дар Тоҷикистон пешравӣ ҳаст, вале хеле кам" ВИДЕО

Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ақаллиятҳо. Шаҳри Душанбе, 19-уми октябри 2023

Фернан де Варен, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури ақаллиятҳо ё камшуморон, ёздаҳ рӯз дар Тоҷикистон буд. Ӯ бо намояндагони ҳукумат ва ақаллиятҳои гуногун суҳбат дошт. Радиои Озодӣ дар мусоҳибае рӯзи 19-уми октябр аз Фернан де Варен хулосаи сафар ва мулоқоташро пурсид.

Радиои Озодӣ: Дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон ба вилояти Бадахшон ҳам рафтед? Иҷоза доданд?

Фернан де Варен: "Гирифтани иҷоза барои сафар ба вилояти Бадахшон мушкил набуд, аммо каме мунтазир шудем. Дар ниҳоят, сафар кардем."

ПОМИР, ИСМОИЛИЯ...

Радиои Озодӣ: Бардошти шумо аз ин сафар чӣ аст?

Фернан де Варен: "Баъзе аз мавридҳои нигаронӣ вуҷуд доштанд. Нуктаҳои нигаронии ман дар гузориши ниҳоӣ зикр карда мешаванд. Дар поёни баёнияи матбуотии худ зикр кардам, ки нисбат ба эътирозгарон дар ҳодисаҳои солҳои 2021 ва 2022 дар Бадахшон бархӯрди сангин сурат гирифт ва ин воқеаҳо бояд бетарафона ва одилона таҳқиқ шаванд. Дар мулоқот бо роҳбарияти кишвар низ чунин дархост кардам. Ҳамчунин дар изҳороти худ аз бархӯрди сангин нисбат ба шиамазҳабон ё пайравони мазҳаби Исмоилия дар Бадахшон изҳори нигаронӣ кардам. Аз маҳдудиятҳо дар зиндагиву пайравии динии ақаллиятҳои мазҳабӣ, яъне эътиқодмандони Исмоилия изҳори нигаронӣ баён шуд. Ин масъалаҳо дар гузориши ниҳоии ман ба таври муфассал зикр карда мешаванд. Бахусус дар мавриди иҷрои рукнҳои мазҳабии пайравони Исмоилия. Нуктаи дигаре, ки ба он дар изҳороти худам таъкид хоҳад шуд, ин зарурати ба таври расмӣ ҳамчун ақаллият шинохтани помириҳо ва истифодаи забони онҳо аст."

Радиои Озодӣ: Оё дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон дар зиндонҳову боздоштгоҳҳо бо маҳбусоне вохӯрдед, ки намояндаҳои ақаллиятҳои мазҳабӣ бошанд?

Фернан де Варен: “Танҳо бо бархе аз наздикони чунин боздоштшудаҳо дар тамос будам.”

Радиои Озодӣ: Иттилоъ ёфтем, ки бо намояндаҳои ҷамоаи узбекҳои Тоҷикистон мулоқот доштед. Чӣ гуфтанд?

Фернан де Варен: “Дар мулоқот намояндаҳои ҷамоаи узбекон дар бораи вазъияти худ дар Тоҷикистон ба ман иттилоъ доданд. Вале дар ин масъала мавзӯи маҳрамият вуҷуд дорад ман наметавонам аз ин беш иттилоъ диҳам.”

ВАЗЪ ЧӢ ГУНА АСТ?

Радиои Озодӣ: Вазъи камшуморони мазҳабӣ дар Тоҷикистон чи гуна аст?

Фернан де Варен: “Бояд бигӯям, ки нигарониҳо аз вазъи ақаллиятҳои мазҳабӣ дар ҳисоботи ман зикр мешаванд. Ҳоло гуфта метавонам, ки аз баъзе ҷиҳатҳо вазъи камшуморони мазҳабӣ хуб аст. Дар мавриди мактабҳои ақаллиятҳои миллӣ вазъ бад нест, вале ниёз ба беҳбудӣ дорад. Ба унвони мисол, барои баъзе аз камшуморони миллӣ ба таври кофӣ мактабҳо вуҷуд надоранд. Ҳамчунин дастрасии хонандагон ба китобҳои дарсӣ бояд беҳтар карда шавад. Масъалаи дигаре, ки мояи нигаронӣ мо шуд, ин низоми тестии дохилшавӣ ба мактабҳои олии Тоҷикистон мебошад. Вақте хатмкардаҳои мактабҳои ақаллиятҳои миллӣ мехоҳанд ба донишгоҳҳо дохил шаванд, вазифадор ҳастанд, ки имтиҳонҳои қабулро ба забони тоҷикӣ супоранд. Ҳарчанд, дар мактаб онҳо ба забони ақаллияти худ таҳсил кардаанд. Дар натиҷа, онҳо дар муқоиса бо намояндаҳои тоҷикон дар ҳолати ногувор қарор мегиранд. Дар гузориши худ ба ин масъала таваҷҷуҳ карда, пешниҳод дорам ба намояндаҳои камшуморони миллӣ ҳақ дода шавад, ки имтиҳонҳои қабулро ба забони миллати худ супоранд.”

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯ бо гузоришгари СММ дар умури ақаллиятҳо

Радиои Озодӣ: Дар баёнияи матбуотии худ аз коҳиши миқдори мактабҳо ба забони узбекӣ гуфтаед, ки дар ду соли гузашта миқдори синфҳои таълимашон ба забони узбекӣ аз 14 ҳазор то ба панҷ ҳазор коҳиш ёфтааст. Дуруст?

Фернан де Варен: “Бале, ҳам ҳа ва ҳам не. Барои чӣ? Барои он ки узбектаборон ба унвони ақаллияти миллӣ дар муқоиса бо дигар миллатҳо теъдодашон бештар аст. Нигаронии мо ба камшуморони қирғизтабору туркмантабор низ дахл дорад. Дар ҳисоботи худ ҳамчунин ба ду нуктаи дигар таъкид хоҳам кард. Яке ба истифодаи расмии забони ақаллиятҳои миллӣ дар маҳалҳои зиндагии дастҷамъонаи онҳо. Зеро ин амр боис ба пайдо шудани ҷойҳои нави корӣ барои намояндаҳои ин камшуморони миллӣ мешавад. Тавсияи дигаре, ки кардаам, ба таҳия ва тасвиби қонуни ҳимояи ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон пайванд мегирад. Ҳамчунин ба ҳукумат тавсия додам, ки Конвенсияи қолабии байнулмиллалӣ (ё конвенсияи аврупоии ҳуқуқи ақаллиятҳо) оид ба ҳуқуқи камшуморони миллиро тасвиб кунад. Дар бисёр ҳолатҳо камшуморони миллӣ дар мушорикат дар тадбирҳои ҷамъиятӣ бо монеаҳое рӯбарӯ мешаванд. Хуб мешавад, агар ҳуқуқу уҳдадориҳои ақаллиятҳои миллӣ ба таври хаттӣ дар қонун муайян карда шаванд.”

"ИН РАВАНДИ ОСОН НЕСТ"

Радиои Озодӣ: Чанд моҳ қабл рӯзноманигор Абдуқодир Талбаков ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии Тоҷикистон барои сабти номи созмони зардуштиҳои кишвар муроҷиат кард. То ҳол ин созмон сабти ном нашудааст. Худаш мегӯяд, ки нисбат ба ӯ таҳдидҳое шудааст. Оё дар мулоқоти шумо бо мақомоти тоҷик мавзӯи сабти номи созмони зардуштиҳои Тоҷикистон ҳам матраҳ шуд?

Фернан де Варен: “Ташаккур барои ин савол. Чунин суҳбате сурат гирифт, вале на танҳо дар робита ба сабти номи созмони зардуштиҳо. Дар умум дар суҳбатҳо бо мақомот мавзӯи талаботи қонунгузорӣ барои сабти номи созмонҳои мазҳабӣ баррасӣ шуд. Дар ин замина нуктаҳои нигаронкунандае вуҷуд доранд ва дар гузориши ниҳоии ман онҳо зикр мешаванд.”

Радиои Озодӣ: Сеюмин гузоришгари вижаи Созмони Милал ҳастед, ки баъд аз саркӯби эътирозгарон дар ВМКБ ба Тоҷикистон меоед ва гуё чизе аслан тағйир намеёбад. Аз рисолати ин сафари худ ба Тоҷикистон чӣ интизориҳо доред?

Фернан де Варен: “Беҳтарин посух ба ин саволи шумо ин аст, ки ҷалби бештари таваҷҷуҳи мақомот ба масоили зикршуда интизории асосии ман аст. Ба ҳеч ваҷҳ ин раванди осон нест. Агар аслан ҳеч коре накарда, хомӯш бошем, натиҷааш ҳам ҳеч мешавад. Ба таври доимӣ аз сӯи гузоришгари вижаи Созмони Милал ҷалб кардани таваҷҷуҳи мақомот метавонад боис ба пайдо шудани фишор ва боз шудани роҳ барои беҳбудӣ гардад.”

Радиои Озодӣ: Фишор аз сӯи кӣ?

Фернан де Варен: “Фишор аз ҷониби Сомони Милал ва Шӯрои Иттиҳоди Аврупо, зеро ин нуктаҳо таваҷҷуҳи онҳоро ба ҳалли мушкилот бештар ҷалб мекунад. Тоҷикистон мехоҳад узви ҷомеаи ҷаҳонӣ бошад ва онҳо мехоҳанд билохира дар кишвар тағйироте сурат бигирад. Биёед, хушбин бошем, зеро вақте бо мақомот мулоқот доштем, онҳо талош мекарданд, ки дар суҳбат озоду хушбин бошанд. Мо ҳамкориро бо ҳукумат идома медиҳем ва умед дорем, ки дар ниҳоят ин кор ба тағйироту беҳбудие оварда мерасонад.”

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон сиёсати давлатӣ ва қонунҳои он марказӣ будани мазҳаби ҳанафиро таъкид мекунанд. Шояд дар суҳбатҳо ба Шумо мегӯянд, ки ҳар амали онҳо барои назорати фаъолиятҳои динӣ дар чорчӯби қонунгузорӣ сурат мегирад. Дар посух ба онҳо чӣ мегӯед?

Фернан де Варен: “Посухи ман аз ду қисм иборат мебошад. Якум, ҳукумати Тоҷикистон ҳамеша иддао дорад, ки ба таъмини ҳуқуқи инсон бартарӣ медиҳад. Воқеан мақомот пайваста изҳор медоранд, ки талаботи қонунҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсонро иҷро мекунанд. Мо умед дорем, ки мақомот пойбанди уҳдадории худ мебошад. Ҳамчунин умедворем, ки ҳукумати Тоҷикистон талаботи уҳдадориҳои байнулмиллии худро болотар аз талаботи қонунгузории дохилӣ мегузорад. Вақте мақомот изҳор медоранд, ки ба талаботи санадҳои байнулмиллалӣ эҳтиром мегузоранд, бояд аз давраҳои бозомӯзӣ гузаранд, то дарк кунанд, ки ҳатто дар шароити иҷрои талаботи қонунҳои маҳаллӣ талаботи санадҳои байнулмиллалӣ авлавият доранд. Албатта, мо ҳоло дар як ҷомеаи комил қарор надорем ва ҳар кори мо ба такмилу тағйир ниёз дорад. Ба ин далел мо бояд пайваста таваҷҷуҳи мақомотро ба он ҷалб созем, ки дар канори иҷрои талаботи қонунгузории дохилӣ муқаррароти санадҳои байнулмиллалӣ бояд дар мадди назар бошад.”

Радиои Озодӣ: Яъне, посухи шумо ба мақомот ҳамин аст?

Фернан де Варен: “Ин як хоҳиши ман аст ва ҳамчунин як даъват ва таҳрики ман низ мебошад. Шояд як паёми дигари худро низ матраҳ кунам, ки ҳоло мо дар ҷаҳоне қарор дорем, ки босуръат тағйир меёбад. Роҳи беҳтарини таъмини сулҳу субот ва рушду пешрафт фароҳам кардани шароити баробариву адолат барои ҳама мебошад. Дар ин замина мо талош хоҳем кард. Яъне, низоми байналмиллали ҳуқуқи башар дар ҳамин самт талош мекунад ва таъмини баробариву адолат рукни асосии пешрафт мебошад.”