Исроил муҳосираи Ғаззаро сабуктар мекунад?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъд аз сездаҳ рӯзи ҷанг байни гуруҳи фаластинии “Ҳамос” ва Исроил, Телавив розӣ шудааст, ки ёриҳои башардӯстона тавассути Миср ба Навори Ғазза бирасанд. Мардум дар онҷо бо камбуди хӯрок ва обу нерӯи барқ дучор ҳастанд. Ҳамзамон баҳсҳо дар бораи таркиш дар бемористони Ғазза ҳанӯз идома дорад.