Меъроҷ Абдуллоев, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ гуфт, Шабдолов рӯзи 19-уми октябр дар Хоруғ вафот кард. Ба қавли ӯ, роҳбари пешини ҳизб "7-8 моҳи охир бемор буд".
Сиёсатмадоре, ки баъзан "садои мухолиф" дар порлумон номбар мешуд ва гоҳе дигар ба ҷонибдорӣ аз ҳукумат танқид мешунид, аз соли 1991 то тобистони соли 2016 раёсати Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Моҳи июли соли 2016 Шодӣ Шабдоловро дар ҷаласае, ки худаш "табаддулот" номида буд, аз раёсати ҳизб гирифтанд. Аз он вақт то дами охир аз суҳбат бо расонаҳо парҳез мекард ё ҳадди ақал барои гуфтугӯ дастрас набуд.
Шодӣ Шабдолов соли 2015 ба натиҷаҳои интихоботи порлумонии Тоҷикистон эътироз карда, онро "фарс" номида буд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шабдолов баъди берун шудан аз порлумон гуфта буд, ҳукумат аз будани ӯ дар парлумон хаста шудааст. "Чунки ман ҳеч гоҳ "Зинда бод, Ҷаноби Олӣ" намегӯям,"-гуфта буд Шабдолов.
Ӯ дар ҳамин суҳбаташ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, "ба лоиҳаҳое, ки марбути ҳукумату тақсими қудрат аст" дахолат намекард ва танҳо дар бораи масоили иҷтимоӣ назарашро мегуфт. Назарҳое, ки ба гуфтаи худаш ба мақомот писанд набуд.
"Барои мисол, ҳукумат, ба хусус раиси ҷумҳур гуфта буданд, ки мо истиқлолияти энергетикиро ба даст овардем, аммо ман гуфтам, ки инро нагӯед, чунки барои истиқлолияти энергетикиро ба даст овардан, вақти зиёд даркор аст ва фақат амнияти энергетикӣ гуфтан дуруст аст. Як чизро гуфта будам ва мегӯям, ки дар муфлисшавӣ ва қарздории “Барқи тоҷик” худи ҳукумат гунаҳкор аст. Ман, ки ин ҳарфҳоро мегӯям, барои онҳо “намефорад,»-гуфта буд Шабдолов.
Бархилофи коммунистони зиёде, ки баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ назарашонро дар маҳзари ом дигар карданд, Шодӣ Шабдолов то охир ба ақидаҳои марксистӣ-ленинӣ содиқ монд ва аз хизматҳои Шӯравӣ барои Тоҷикистон зиёд тавсиф мекард.
Шодӣ Шабдолов соли 2019 дар яке аз охирон суҳбатҳояш аз вазъи иқтисодии кишвар ё ба гуфтаи ӯ "зербино"-и кишвар норозӣ буд ва мегуфт, ҳукумат бояд "ба зербино таваҷҷуҳ кунад, на ин ки ҳамаи моликиятро ба ин тараф ва он тараф ба ҳар баҳона тақсим кунад."
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Шодӣ Шабдолов: "Гуд бай гуфтанд, мо рафтем" САДОМироҷ Абдуллоев раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон шудМирзоазим Насимов: “Мо ҳизби кисагӣ нестем". ВИДЕОДар анҷумани Ҳизби коммунист чӣ гузашт?Исмоил Талбаков раиси ҲКТ шуд (ВИДЕО)