Алсу Курмашева ба саркашӣ аз сабтиноми худ ҳамчун "агенти хориҷӣ" муттаҳам мешавад. Ҷазо барои ин иттиҳом ҷарима, корҳои ислоҳӣ ё то панҷ соли зиндон аст.
Иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ Ҷеффрӣ Гедмин гуфт, Алсу Курмашева бояд фавран озод шавад.
Курмашева шаҳрванди ИМА ва Русия буда, дар шаҳри Прага зиндагӣ мекард. Ӯ 20-уми майи имсол ба далели масоили хонаводагӣ маҷбур шуд ба Русия равад. Вайро 2-юми июн ҳангоми баргашт ба Чехия дар Фурудгоҳи Қазон дастгир ва ҳар ду шиносномаашро мусодира карданд.
Алсу Курмашева барои иҷро накардани талабот дар бораи қайди шаҳрвандии Амрико дар ниҳодҳои дахлдори Русия ҷарима шуд ва мунтазир буд, ки мақомот шиносномаҳояшро баргардонанд, вале 18 октябр хабар доданд, ки зиддаш иттиҳоми нав эълом шудааст.