Сабаби таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш чист?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар пасманзари ҷанги Русия дар Украина кишварҳои Осиёи Марказӣ мавриди таваҷҷуҳи бозигарони ҷаҳонӣ ва минтақаӣ қарор гирифтаанд. Берлин бори аввал 29 сентябр мизбони сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби C5+1 буд. Даҳ рӯз пеш аз он дидори мушобеҳ бо Ҷо Байден, президенти ИМА дар Ню-Йорк гузашт.