Вокунишҳо ба кушта шудани садҳо нафар дар таркиши як бемористон дар Ғазза. ВИДЕО

Мақомоти фаластинӣ гуфтанд, дар таркиши бемористони "Ал-Аҳлӣ" дар Ғазза зиёда аз 500 кас ҷон бохт. Онҳо Исроилро масъули ҳодиса донистанд. Артиши Исроил, баръакс, гурӯҳи фаластинии "Ҷиҳоди исломӣ"-ро гунаҳкор шумурд. Ҳалокати садҳо нафар дар бемористон рӯзи 17-уми октябр вокунишҳоро ба миён овард.

Дабири кулли Созмони Милал кушта шудани садҳо ғайринизомиро дар ҳамла ба бемористоне дар Ғазза "ваҳшатзо" хонд ва онро маҳкум кард. Антонио Гуттериш бо ибрози ҳамдардӣ ба хонаводаи қурбониён гуфтааст, "бемористонҳо ва ҳайати кормандони онҳо бо қонунҳои байнулмилалӣ муҳофизат мешаванд".

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷузъиёти таркиш дар беморхонаи "Ал-Аҳлӣ"

Ибрози хашми Ҷо Байден

Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико, дар баёнияе бо ибрози хашм аз "таркиш" дар бемористони "Ал-Аҳлӣ" дар Ғазза, ба мавзеи Иёлоти Муттаҳида бар зарурати ҳифозат аз ғайринизомиён дар даргириҳо таъкид кард.

Байден дар баёния гуфт, "аз таркиш дар бемористони "Ал-Аҳлӣ" дар Ғазза ва талафоти ҷонии ваҳшатноке, ки дар натиҷаи он рух дод, хашмгин ва амиқан андӯҳгин ҳастам. Пас расидани хабар билофосила бо Малик Абдуллоҳ, подшоҳи Урдун ва Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил суҳбат кардам".

Президенти Амрико афзуд, ба тими амниятии худ дастур додааст, ки иллати дақиқи ҳамларо таҳқиқ кунад.

Шӯрои амният нишаст доир мекунад

Шӯрои Амнияти СММ соати даҳи субҳи чаҳоршанбе дар бораи охирин таҳаввулоти Ховари Миёна ва таркиш дар бемористони "Ал-Аҳлӣ" дар Ғазза нишасте боз доир мекунад. Нишаст бо дархости Русия ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор мешавад ва интизор меравад, ки намояндагони Фаластин ва Исроил дар он суханронӣ кунанд.

Ҳамла ба бемористони "Ал-Аҳлӣ" дар Ғазза эҳтимол мавзӯи асосӣ дар нишаст хоҳад буд. Муовини сафири Русия дар Созмони Милал дар Телеграм навишт, ки Маскав дар пайи ҳамла ба бемористони "Ал-Аҳлӣ" дархости нишасти кушод ё боз кардааст.

Исроил: маълумотро "дар ихтиёри ИМА гузоштем"

Мақомоти исроилӣ мегӯянд, маълумоти худро дар бораи "таркиш" дар бемористони "Ал-Аҳлӣ" дар Ғазза дар ихтиёри Амрико гузоштаанд. Мушовири амнияти миллии Бенямин Нетаняҳу изҳор дошт, "гуфтугӯҳое байни тарафҳои исроилӣ ва амрикоӣ анҷом шудааст. Мо маълумоте дар даст дорем, ки дар ихтиёри амрикоиҳо гузоштаем".

Шабакаи CNN мегӯяд, мақомоти истихборотии ИМА дар ҳоли баррасии ин ҳодиса ҳастанд. Мақомоти фаластинӣ Исроилро муттаҳам кардаанд, ки бо ҳамлаи ҳавоӣ ба бемористони "Ал-Аҳлӣ" садҳо нафарро куштааст. Исроил мегӯяд, мушакҳои нотаркидаи гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ" ба бемористон задааст.

Фаронса ҳамларо ба шиддат маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Фаронса таркишро дар бемористони "Ал-Аҳлӣ" дар шаҳри Ғазза ба шиддат маҳкум кард. Вазорат дар баёнияе гуфт, "риояи қонунҳои байнулмилалии башардӯстона барои ҳама ҳатмӣ аст ва бояд ҳимоят аз ғайринизомиёнро фароҳам бисозад. Кумакҳои башардӯстона ба Ғазза бе ҳеч таъхире бояд фароҳам шавад".

Маҳкумияти ҳамла аз сӯйи Саудӣ

Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар баёнияе ҳамларо ба бемористони Ғазза маҳкум кард.

Дар ин баёния омадааст, "подшоҳии Арабистони Саудӣ ҷиноят тавассути нерӯҳои Исроил бо бомбаборони бемористони Ал-Аҳлӣ дар Ғаззаро, ки боиси кушта шудани садҳо ғайринизомӣ, аз ҷумла кӯдакон ва маҷрӯҳ шудани шуморе дигаре шуд, ба шиддат маҳкум мекунад".

Тазоҳурот дар Урдун

Садҳо эътирозгар шаби гузашта дар назди сафорати Исроил дар пойтахти Урдун ҷамъ омаданд. Шабакаи телевизионии CNN ба нақл аз як манбаи амниятӣ гузориш додааст, эътирозгарон, ки атрофи сафорати Исроил ҷамъ омада буданд, талош карданд вориди бино шаванд, аммо нерӯҳои амниятӣ онҳоро ақиб ронданд. Хабаргузории давлатии Урдун низ гузориш дод, ки эътирозгарон қасд доштанд худашонро ба сафорати Исроил бирасонанд.

Бар асоси ин гузоришҳо, нерӯҳои амниятӣ барои ақиб рондани эътирозгарон аз гази ашковар истифода бурданд. Тайи ҳафтаи гузашта тақрибан ҳар рӯз эътирозе дар наздикии сафорати Исроил дар Аммон баргузор мешавад.

Маҳмуд Аббос мотами умумӣ эълон кард.

Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти Худгардони Фаластин барои қурбониёни "ҳамлаи ҳавоии Исроил" ба бемористони "Ал-Аҳлӣ" дар Ғазза се рӯз мотами умумӣ эълон кард. Тибқи баёнияи дафтари Маҳмуд Аббос, тайи се рӯз парчамҳои Фаластин барои "қурбониёни ҳамлаи Исроил ба бемористони "Ал-Аҳлӣ" ва ҳама касоне, ки дар ҷараёни ишғол кушта шудаанд", ба ҳолати нимаафрошта хоҳад омад.

Артиши Исроил: Мушаки "Ҷиҳоди исломӣ" бархӯрд

Артиши Исроил шаби гузашта гурӯҳи фаластинии "Ҷиҳоди исломӣ"-ро масъули зарба ба бемористони "Ал-Аҳлӣ" дар Ғазза донист. Ба гузориши "Рейтерс" як сухангӯи артиш дар баёнияе гуфт, "маълумоти низомӣ нишон медиҳад, ки ин бемористон мавриди бархӯрди як мушаки роҳгумзада қарор гирифтааст, ки аз сӯи "Ҷиҳоди исломӣ"-и Фаластани дар Ғазза партоб шуда буд."

Дар баёния омадааст, "як таҳлили системаи дифоии артиши Исроил баёнгари партоби мушак аз сӯи террористҳо дар Ғазза аст, ки дар замони ҳадаф қарор гирифтани бемористон аз наздиктарин фосила аз он убур кард".

Артиши Исроил афзудааст, "маълумоти истихборотиии дарёфтӣ аз манбаъҳои мухталиф, ки мо дар ихтиёр дорем, нишон медиҳад, ки гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ" масъули партоби хатои мушак аст, ки ба бемористон бархӯрдааст".

Бӯҳрони навбатӣ дар Ховари Миёна рӯзи 7-уми октябр бо ҳамлаи гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. Аз он замон то кунун аз ҳар ду ҷониб ҳазорон нафар кушта шудаанд. Талошҳо барои оташбас миёни ду ҷониб то кунун бенатиҷа будааст ва Исроил мегӯяд, то аз байн бурдани гурӯҳи "Ҳамос" ором нахоҳад нишаст. Баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла, Эрон аз эҳтимоли аз назорат берун шудани буҳрон ҳушдор додаанд.

Бо ин ҳол, аз ҷониби кӣ сар задани зарба ба бемористони Ғазза, ки садҳо кушта барҷой гузошт, номаълум ва баҳсӣ мемонад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Даҳҳо ҳазор сокини Ғазза аз хонаҳои худ фирор кардаандТаркиш дар бемористони Ғазза. Садҳо кас кушта шудаанд