Ҳамла ба нозири роҳ. Мақомот гуфтанд, ронандаро боздошт кардаанд. ВИДЕО

Ронанда Соҳиб Давлатзода ва нозири роҳ Фаррухҷон Ҳамзазода

Мақомот ҳамларо ба як нозири роҳ дар ноҳияи Мастчоҳ шарҳ дода гуфтанд, ронандаро боздошт кардаанд. Ҳодиса рӯзи 13-уми октябр дар яке аз минтақаҳои ноҳияи Мастчоҳ рух додааст.  

Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд дар як гузориши телевизионӣ гуфт, ҳодиса замоне рух дод, ки Соҳиб Давлатзода нақлиёташро дар самти муқобил гузошт ва бо талаби нозири роҳ ҳуҷҷатҳояшро пешниҳод накард.

Баъди ин ба гуфтаи мақомот, Давлатзодаи 34-сола нақлиётро ба ҳаракат дароварда ба Фаррухҷон Ҳамзазода, сержанти милиса “ҷароҳати ҷисмонӣ расонда ҷойи ҳодисаро тарк мекунад.” Атрофиён корманди БДА-ро ба беморхона бурданд ва ба гуфтаи мақомоташ аҳволаш хуб аст.

Назари ин ронанда ва наздиконаш дар бораи қазия маълум нест. Соҳиб Давлатзода, сокини ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ дар навори пахшкардаи мақомот ва дар ҳузури кормандони пулис гуфт, “ҳуҷҷатро деҳ гуфт, надодам, дарро қапид, мошинро рондам намедонам чӣ қадар рафтам, афтид, тарсида гурехтам.”

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Мақомот латукуби нозири роҳро шарҳ доданд

Дар навори пахшкардаи мақомот дида мешавад, ки ронанда ва нозири роҳ чанд лаҳза миёни ҳам баҳс доранд, вале рӯшан нест, ки даъвои онҳо бар сари чӣ буд.

Дар видеои мақомот дида мешавад, ки рақами давлатии мошини Давлатзода рақами Русия аст. Мақомот гуфтанд, ронандаро ба ҳабс гирифта, феълан барои оғози парвандаи ҷиноӣ "чораҳо андешида шуда истодааст."

Навори ин ҳодиса ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва дар видео дида мешавад, ки нозири роҳ ба канори роҳ афтидааст. Як бари рӯйи нозир сиёҳ шуда буд.

Ин ҳодиса баҳсҳо дар бораи фаъолияти корманди БДА-ро дар Тоҷикистонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ доғ кард. Баъзеҳо аз кори нозирони роҳ интиқод карда, онҳоро барои гирифтани пора аз ронандагон танқид кардаанд. Аммо гуруҳи дигар навиштаанд, латукӯби нозири роҳ ҷиноят аст ва агар қонуншикание ҳаст, бояд расман шикоят кард.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Нозири БДА-ро латукӯб карданд ё ӯро мошин задааст?  Як соли зиндон ба ронанда барои таҳқири капитани милисаФирори таксирон аз нозири роҳ бо марги як зан анҷомидСадама дар роҳи Ҳисор. Корманди БДА худро гунаҳкор намедонад. ВИДЕО