Ин дидор дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили Куала-Лумпур баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (18:00 ба вақти Душанбе) оғоз меёбад.
Сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Петр Сегрт, мутахассиси хорватӣ, интизориҳои худро аз бозии ниҳоии «Ҷоми Мердека-2023» бо тими миллии Малайзия дар сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон иброз доштааст.
Ӯ гуфтааст, "ин бозӣ барои дастаи мо як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии ҷаҳон ва марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ба шумор меравад. Бо вуҷуди он, ки дар ин бозӣ бархе аз бозигаронии калидии даста иштирок намекунанд, футболбозони ба ҷои онҳо даъватшуда имкон доранд, ки маҳорати худро намоиш диҳанд. Кӯшиш мекунем, ки муқобили рақибамон хуб ҳунарнамоӣ карда, пирӯз шавем".
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, кумитаи тадорукоти «Ҷоми Мердека-2023» ба шакли баргузории мусобиқа тағйирот ворид кард.
Мунтахаби Фаластин бинобар вазъи мушкили сиёсӣ дар ин кишвар маҷбур шуд, ки аз ширкат дар «Ҷоми Мердека-2023» даст кашад. Қаблан эълон шуда буд, ки дар даври ниманиҳоии мусобиқот мунтахаби Фаластин 13-уми октябр бо тими миллии Тоҷикистон бозӣ мекунад.
Ба ин тартиб, мунтахаби Тоҷикистон пеш аз муҳлат ба финали «Ҷоми Мердека-2023» роҳ ёфт. Ҳамакнун футболбозони тоҷик рӯзи 17-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур бо тими миллии Малайзия, ки дар даври ниманиҳоӣ мунтахаби Ҳиндустонро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод, рақобат мекунад.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 23 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд.
Чаҳор бозигари мунтахаби олимпии кишвар (U-23) бори аввал ба тими миллии кишвар даъват шуданд: дарвозабон Суҳробхуҷа Юсупов (КМВА-и Душанбе), ҳимоятгар Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»-и Хуҷанд), нимҳимоятгарон Руслан Хайлоев (бошгоҳи «Тюмен»-и Русия) ва Алишер Шукуров («Кӯктош»-и Рӯдакӣ), инчунин ҳимоятгарони мунтахаби наврасони кишвар (U-17) – Диловар Ҷамшедзода ва Баракатулло Нигматуллозода, ки дар дастаи «Барқчӣ»-и Ҳисор бозӣ мекунанд.
Ба далели омодагии қаҳрамони Тоҷикистон, бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе ба бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2023/24 ситоди мураббиёни тими миллӣ бозигарони ин дастаро дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр ба ҳайати мунтахаб даъват накарданд.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека-2023»:
Дарвозабонҳо: Суҳробхуҷа Юсупов (КМВА), Сафармад Ғаффоров («Хатлон»-и Бохтар), Далер Баротов («Истаравшан»-и Истаравшан);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис»,Эрон), Зоир Ҷурабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Далер Имомназаров («Эсхата»-и Хуҷанд), Холмурод Назаров («Равшан»-и Кӯлоб), Фахриддин Аҳтамов («Хуҷанд»), Диловар Ҷамшедзода, Баракатулло Неъматуллозода (ҳарду аз «Барқчӣ»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷурабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Муродалӣ Ақназаров («Анталяспор», Туркия), Вайсиддин Сафаров (КМВА), Алишер Шукуров («Кӯктош»), Абубакр Сулаймонов («Барқчӣ»);
Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).
Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Мердека-2023»
Нимфина
13-уми октябр (ҷумъа)
Малайзия – Ҳиндустон – 4:2
17-уми октябр (сешанбе)
Финал
18:00 – Малайзия – Тоҷикистон
Эзоҳ: Бозии ниҳоӣ дар Варзишгоҳи миллии Букит Ҷалили шаҳри Куала-Лумпур баргузор мешавад.Замони оғози бозӣ ба вақти Душанбе аст.